Таъкиди Бонки Ҷаҳонӣ барои пардохти 40 дарсад аз қарзи хориҷии Тоҷикистон тайи панҷ соли оянда

Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, Ҳукумати Тоҷикистон бояд тайи панҷ соли оянда 40 дарсад аз қарзи хориҷии худро пардохт кунад.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷикистон Таймс”, Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши ахири худ ба унвони “мусоидат барои рушди Тоҷикистон” эълом кардааст, ки 54 дарсад аз кулли қарзи хориҷии Тоҷикистон мутааллиқ ба Бонки содироту воридоти кишвари Чин аст.

Бар асоси барномаи Вазорати молияи Тоҷикистон, дар се соли оянда қарзи хориҷии ин кишвар ба 3 миллиарду 441 миллион доллар хоҳад расид, ки 714 миллион доллар бештар аз бидеҳии феълӣ аст.

Ин дар ҳоле аст, ки бидеҳии хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи гузашта ба 2 миллиарду 900 миллион доллар расидааст ва то охири имсол аз 3 миллиарду 100 миллион доллар фаротар хоҳад рафт. Дар ҳоле, ки бар асоси омори Бонки Ҷаҳонӣ мизони қарзи хориҷии Тоҷикистон акнун ба 50 дарсад аз маҷмӯи маҳсулоти тавлиди нохолиси миллии ин кишвар расидааст.

Вазорати молияи Тоҷикистон ин шохисро 38 дарсад эълом мекунад ва мегуяд, барои бозпардохти бидеҳии хориҷии ин кишвар тайи соли ҷорӣ 125 миллион доллар ҳазина хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки дар соли 2020 мизони вомҳои дарёфтии Тоҷикистон 4 миллиарду 500 миллион сомонӣ хоҳад буд, ки дар муқоиса бо имсол 274 миллион сомонӣ (муодили 29 миллион доллар) бештар аст. Дар соли 2021 низ рақами вомҳои дарёфтии Ҳукумати Тоҷикистон ба 5 миллиарду 400 миллион сомонӣ ва дар соли 2022 ба беш аз 6 миллиарду 100 миллион сомонӣ хоҳад расид, ки ба маънии афзоиши 714 миллиондолларии қарзи хориҷии ин кишвар хоҳад буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад