Дидори Путин бо Нетонёҳу дар Сочӣ ва меҳрави он

Нахуствазири Исроил дар назар дорад дар бораи тақвияти ҳамоҳангиҳои низомӣ байни Русия ва Исроил бо Владимир Путин гуфтугӯ кунад.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия имрӯз дар Сочӣ музокироте бо Бенёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил анҷом хоҳад дод, ки дар қолаби як сафари корӣ ба Русия хоҳад омад.

Масоили нишасти оянда ҳамонтавр, ки аз сервиси матбуотии Кремл гузориш шудааст, мавзӯоти марбут ба тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба хоҳад буд, раҳбарон ҳамчунин дар мавриди авзои Ховари Миёна табодули назар хоҳанд кард.

Нетонёҳу панҷ рӯз пеш аз интихоботи парлумонӣ, ки қарор аст дар таърихи 17 сентябр дар Исроил баргузор шавад ба Русия сафар хоҳад кард. Охирин боре, ки нахуствазири Исроил бо раисҷумҳури Русия дидор кард, дар апрели имсол, панҷ рӯз қабл аз интихоботи Кнессет буд.

Илова бар ин музокирот, байни раисҷумҳури Русия ва нахуствазири Исроил дар бораи нишасти сарони кишварҳои зомини раванди “сулҳи Остона” (Русия ,Туркия ва Эрон) дар мавриди шароити бозсозии Сурия сӯҳбат хоҳад шуд. Путин эълом кард, ки авохири моҳи сентябр барои ширкат дар ин нишаст ба Анқара сафар хоҳад кард.

Пештар дафтари нахуствазирии Исроил эълом кард, ки дар замони сафари Нетонёҳу ба Русия ӯ тасмим дорад дар мавриди нигарониҳо аз тақвияти мавозеи Эрон дар Сурия ба иттилои раҳбари Кремл бирасонад.

Нетонёҳу, ки дар ин сафар ба ҳамроҳи мудири Шӯрои амнияти миллии Исроил хоҳад буд, қасд дорад бо Сергей Шойгӯ, вазири дифои Русия дидор дошта бошад.

Ҳавли меҳвари сафари Нетонёҳу ба Русия барои музокира дар дигар заминаҳо чун табодули оташ байни Исроил ва Навори Ғазза сурат хоҳад гирифт, ки бар тибқи он дар воқеъ нахуствазири Исроил дар махмаса афтодааст.

Гузориш шудааст, ки шомгоҳи 10 сентябр, ду мушак аз Навори Ғазза ба самти шаҳрҳои исроилӣ шиллик шуд, ки ҳар ду тавассути системи дифои мушакии гунбади оҳанӣ раҳгирӣ шуданд.

Ба гуфтаи артиши Исроил, тақрибан ним миллион шаҳрванд дар митинги интихоботӣ дар ашудуд ширкат доштаанд, ки дар он лаҳза Нетонёҳу маҷбур ба тарки маҳалли сӯҳбат шуда ва баъд аз чанд дақиқа ба маҳалли сӯҳбат баргашта ва суханони худро идома додааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад