30 кушта ва маҷрӯҳ дар ҳамлаи мушакии артиши Яман ба саудӣ

Дар ҳамлаи мушакии артиши Яман ба таҷаммӯи муздурони саудӣ дар Ҳараз дастикам 30 нафар кушта ва маҷрӯҳ шуданд.

Ба гузориши “Форс”, ҳамчунин артиши Яман таҷаммӯи муздурони саудӣ дар гузаргоҳи марзии Элебро мушакборон карданд.

Ин ҳамалоти мушакӣ дар посух ба ҷиноятҳои мукаррари эътилофи саудӣ алайҳи мардуми Яман анҷом мешаванд.

Бар асоси гузоришҳо, эътилофи саудӣ рӯзи чаҳоршанбе Санъо – пойтахти Яманро ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ, мушакӣ ва тӯпхонаии худ қарор дод.

Ҳамалоти эътилофи саудӣ ба Яман панҷ сол аст, ки идома дорад ва бар асоси ҷадидтарин омори Вазорати беҳдошти Яман тайи ин муддат 140 ҳазор яманӣ кушта ва захмӣ шудаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад