2020 – оғози сохти нерӯгоҳи ҳастаии Узбакистон

Мудири кулли ширкати давлатии “Русатом” гуфт, ин ширкат барномарезӣ карда, иқдомоти сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Узбакистонро аз соли 2020-и мелодӣ оғоз кунад.

Лихачев афзуд: “Вазифаи умдаи мо оғози сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ дар соли оянда аст ва қарордоди ин тарҳ ва тасмимоти муштарак барои таъмини молии он дар дасти баррасӣ аст.

Вай изҳор дошт, пас аз имзои қарордоде дар мавриди сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ тарафайн тамоми асноди мавриди ниёзро таҳия карданд ва барномарезӣ шуда то поёни сол ҷории мелодӣ корҳои марбут ба иҷрои қарордод анҷом шавад.

Лихачев идома дод, дар ҳоли ҳозир гуфтугӯҳо байни вазоратхонаҳои ду кишвар дар бораи масоили молӣ дар чорчӯби қарордоди эътиборӣ оғоз шудааст.

Дар оғози моҳи сентябри соли 2018 мелодӣ Узбакистон ва Русия қарордоди ҳамкорӣ дар сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ имзо карданд.

Ширкати давлатии “Русатом” барномарезӣ карда, дар Узбакистон як нерӯгоҳ, шомил 2 блоки рӯзи насл 3+ВВЭР-1200 эҳдос кунад. Блоки аввал то соли 2028 мелодӣ ба баҳрабардорӣ мерасад.

Сараввал сохти нерӯгоҳи ҳастаӣ наздики рӯдхонаи Тузкон, дар вилояти Ҷиззах аст.

Дар натиҷаи роҳандозии ин нерӯгоҳ 3 миллиарду 700 миллион метри мукааб газ сарфаҷӯӣ хоҳад шуд.

Узбакистон агар ҳатто гази сарфаҷӯиро бидуни табдил содир кунад, солона 550-600 миллион доллар дарёфт хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир дар Узбакистон беш аз 961 воҳид ширкати муштарак, аз ҷумла 810 ширкати муштарак ва 151 ширкат бо 100 дарсад сармоягузориҳои сармоягузорони Русия фаъолият мекунанд.

Дар Русия низ беш аз 560 ширкати муштарак бо сармоягузориҳои сармоягузорони ӯзбак дар заминаҳои мухталиф фаъолият мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад