Эъломи барномаҳои ҷашни истиқлоли Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои ҷашни истиқлоли Тоҷикистонро эълом кард.

Ба гузориши “Ховар”, ин барномаҳо тайи 5 рӯз аз 8 то 12 сентябр дар саросари Тоҷикистон иҷро мешаванд.

Дар ҳамин замина Ҳукумати Тоҷикистон аз мардуми ин кишвар хостааст, тайи рӯзҳои ҷашни истиқлол дар маҳалл баргузори ҷашнҳо ҳузур дошта бошанд.

Аз ҷумла рӯзи 8 –уми сентябр дар 4 шаҳраки пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе баргузории барномаҳои фарҳангии ҷашнӣ дар назар гирифта шудааст.

Қарор аст рӯзи 9 сентябр ҳам, ки солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон аст, маросими бошукӯҳ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва дигар мақомоти олии кишвару меҳмонони хориҷӣ дар шаҳри Роғун баргузор шавад.

Ҳамчунин, ҳамзамон бо ин маросим чархаи дувуми неругоҳи азими обии “Роғун” роҳандозӣ хоҳад шуд.

Сохти ин нерӯгоҳ ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ оғоз шуда ва ба иллати ҷанги дохилӣ мутаваққиф шуда буд, ки муҷаддадан бо кумаки ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла чанд ширкат аз Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз шуд.

Истиқлоли Тоҷикистон аз Шӯравии собиқ 28 сол пеш дар рӯзи 9 сентябри соли 1991 эълом шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад