Боздошти 80 муҳоҷири тоҷик дар Владимири Русия

Иброҳим Аҳмадов, сухангуи Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ин бора гуфтааст, ки дар вилояти Владимири Русия ҳангоми гузаронидани рейди нақшавӣ кормандони полис теъдоди зиёди муҳоҷирони ғайриқонуниро дастгир карданд.

Тавре ки ӯ қайд кард, кормандони полис ҳангоми гузаронидани рейд биноҳои иншоотӣ ва саноатиро тафтиш намуда, шаҳрвандони хориҷиеро, ки ғайриқонунӣ дар онҷо кору зиндагӣ мекарданд, дастгир намуданд

Гуфта мешавад, мақомоти амниятӣ, ки рейди мазкурро баргузор намуданд аз боздошт шудани 200 муҳоҷир хабар дода буданд, ки 80 нафари онҳоро муҳоҷирон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медоданд.

Зимнан хабар дода мешавад, шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ки дар қаламрави Русия кору фаъолият намуда, қавонини ин кишваро нақз намуданд, аз Русия ихроҷ хоҳанд шуд.

Аҳмадзода зикр намуд, ки феълан намояндагии Тоҷикистон дар Русия бо муҳоҷирони боздоштшуда ва хешу пайвандонашон пайваста дар тамос ҳастанд, ва то ҳол аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ягон шикояту норасоӣ арз карда нашудаст.

Тибқи қонун, шаҳрванди хориҷӣ метавонад аз болои қарори додгоҳ дар бораи хориҷ кардан дар давоми 10 рӯз шикоят кунад. Дар сурате агар муҳоҷирони боздоштшуда намехоҳанд аз қарори додгоҳ шикоят баранд, бо гузашти ду ҳафта онҳо ба ватан бармегарданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад