Бомборони пойгоҳи ҳавоии Малик Холид-и саудӣ тавассути паҳподҳои яманӣ

Ҳавопаймои бидуни сарнашин яманӣ бори дигар пойгоҳи ҳавоии Малик Холид-и саудиҳоро бомборон карданд.

Яҳё Сариъ сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман хабар дод, ки нерӯи паҳподии артиши Яман бо истифода аз паҳподҳои Қосиф К2 амалиёти густардаеро алайҳи пойгоҳи ҳавоии Малик Холид дар Хамис Мушайти Арабистони саудӣ анҷом доданд.

Бар асоси эъломи ин мақоми яманӣ, дар ин амалиёт таъсисоти иртибототи низомӣ ва ошиёнаи ҳавопаймоҳои ҷангии саудиҳо мавриди ҳамла қарор гирифт ва ҳадафҳо бо диққати олӣ мавриди асобат қарор гирифтанд.

Яҳё Сариъ гуфт, ки ин ҳамла дар посух ба ҷинояти идомадори эътилофи саудӣ ва ҳамлаҳои ҷангандаҳои он ба минтақаҳои мухталифи Яман аст, ки танҳо таи 12 соати гузашта 40 ҳамлаи ҳавоӣ ба Яман анҷом додаанд.

Субҳи рӯзи гузашта низ нерӯи ҳавоии Яман ин пойгоҳи ҳавоиро дар ҷануби ғарби Арабистони саудӣ ҳадафи ҳамалоти худ қарор дод.

Пойгоҳи ҳавоии Малик Холид дар ҷануби шаҳри Хамис Мушайт дар минтақаи Асир ва дар 160 километрии марзи Яман воқеъ шуда ва то кунун борҳо ҳадафи ҳамалоти паҳподии яманиҳо воқеъ шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад