Боздошти як сокини ноҳияи Бохтар ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунӣ

Ба нақл аз сомонаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ҳангоми бозрасии сандуқи ақиби мошини як сокини 52 солаи ноҳияи Бохтар дар дохили зарфҳои мухталиф 527 килову 500 грам шира кашф шуд, ки муомилоти ин маводи муҳим барои саноати дорӯсозӣ дар қаламрави ин кишвар мамнуъ мебошад.

Дар иртибот бо ин мавзӯъ фарди мазмун боздошт ва алайҳи вай парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

Бардошт ва тиҷорати шираи камол дар Тоҷикистон дар инҳисори ду ширкати Фароз ва Миниформ аст.

Бар асоси қонуни ҷиноии Тоҷикистон муҷозоти афроди мазнун дар қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии шираи камол ҷаримаи сангини молӣ ва аз 3 то 5 сол ҳабс дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад