Таъкиди Эрдуғон бар ҳимоят аз ҳуқуқи бахши туркнишини Кипр

Раисҷумҳури Туркия бар ҳимоят аз ҳуқуқи бахши туркнишини Кипр таъкид кард.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон пас аз дидор бо Арсен Татар, нахуствазири бахши туркнишини Кипр дар конфронси хабарии муштарак дар Анкара гуфт: Туркия ҳамон гуна , ки аз ҳуқуқи худ дифоъ мекунад, ба манофеи туркҳои Кипр дар ҷазира ва минтақ низ идома хоҳад дод.

Раисҷумҳури Туркия бо муттаҳам кардани бахши юнонинишини Кипр ба адами тамоюл ба масъалаи Кипр гуфт: Иллати бурӯзи масъалаи Кипр ва ҳал нашудани он то кунун, рафторҳои бахши юнонинишин аст.

Эрдуғон бо ишора ба мудохилаи низомии Туркия дар Кипр (1974-и мелодӣ) гуфт, ҳамалоти хунин ба турктаборони Кирп, мӯҷиби мудохилаи низомии Туркия дар ин ҷазира шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад