Трамп Амрикоро дучори буҳрон кардааст

Ҷо Бойден муовини раёсат ҷумҳурии Амрико дар даврони Обама ва номзади демократҳо дар интихоботи ояндаи раёсат ҷумҳурии ин кишвар гуфт, дар рӯзҳои ахир иттифоқоти зиёде руй додааст. Ҳамаи шумо аз лафозиҳои раиси ҷумҳур Трамп огоҳ ҳастед. Ӯ моро аз бозорҳои ҷаҳонӣ хориҷ кардааст. Ӯ моро ба тарафи ҷанг мебарад. Ӯ наметавонад сулҳро эҷод кунад. Ӯ миллати моро дучори буҳрон кардааст.

Вай афзуд, Трамп бархе аз ашхосро таҳрик кардааст, ки сабаби ин фоҷеаҳо шаванд. Ӯ ториктарин бахшҳои ҷомеаи ин кишварро фаол кардааст. Доналд Трамп ин роҳро интихоб кардааст. Мо бояд аз вай бипурсем чаро ӯ ин роҳро интихоб кардааст. Суханони вай пас аз ҳодисаҳои Шарлотс Вил сабаби тақвият ва ташвиқи нажодпарастон шуд. Ӯ сабаби тақвияти ҷабҳаи онҳо шуд. Ин суханон наметавонад ба нафъи Амрико бошад. Ин суханон ба нафъи ҷаҳон ҳам нест.

Бойден гуфт, ӯ бо суханони худ ба иқдомоти нафратбор доман мезанад. Ӯ ин ашхосро ба ҳамалот ташвиқ мекунад. Мо дар замонае ба сар мебарем, ки бояд барои эҳёи руҳи ин миллат мубориза кунем. Ман бори дигар мегуям замоне, ки номзадии худ барои интихоботро эълом кардам ин суханро гуфтам ва бори дигар онро такрор мекунам, ки мо дар як набард барои эҳёи руҳи ин миллат қарор дорем. Ин яке аз далелҳои нахусти ман барои ҳузур дар интихоботи раёсат ҷумҳурии Амрико будааст.

Вай афзуд, ба назарам таърих ба 4 сол раёсат ҷумҳурии вай ба унвони пасрафт хоҳад нигарист. Агар Трамп бори дигар интихоб шавад ӯ ҳувияти ин кишварро тағйир хоҳад дод. Агар ба Трамп барои 4 соли дигар овоз диҳем ба раисони ҷумҳури пешини Амрико хиёнат кардаем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад