Кумаки 40 миллион долларии Бонки рушди АвруОсиё ба Тоҷикистон

Ба нақл аз сомонаи Бонки рушди АвруОсиё ин матлабро Амонгулдӣ Исоев таи нишасти хабарӣ бо хабарнигорони кишварҳои узви ин бонк (Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон) эълом кардааст.

Вай гуфтааст, ки ахиран миёни мақомоти Бонки рушди АвруОсиё, ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ва Ожонси давлатии содироти Қазоқистон созишнома, хариди локомотивҳои нав барои роҳи оҳани Тоҷикистон ба маблағи 40 миллион доллар имзо шуд.

Ҳамчунин чанд тарҳи ироашуда ба Бонки рушди АвруОсиё аз сӯи Тоҷикистон барои таъмини эътибороти молӣ дар мудирияти ин бонк дар дасти баррасӣ аст. Ин тарҳҳо барои сармоягузорӣ дар бахшҳои энержӣ ва кишоварзии Тоҷикистон ироа шудааст, ки ниёз ба таъмини эътибороти молӣ аз сӯи Бонки рушди АвруОсиё доранд.

Дар ҳоли ҳозир мизони сармояи аввалияи Бонки рушди АвруОсиё, ки кишварҳои Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон муассиси он ҳастанд беш аз 7 миллиард доллар аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад