Режими саҳюнистӣ ва Амрико бузургтарин таҳдид барои Туркия

Ин назарсанҷӣ, ки аз тарафи Донишгоҳи Кодирхоси Истанбул анҷом шудааст, 81,3 дарсад Амрико ва 70,8 дарсад, режими саҳюнистиро бузургтарин таҳдид барои Туркия донистанд.

Дар ин назарсанҷӣ, ки ҳазорон нафар ширкат карданд, 39, 4 дарсад низ бар ин боваранд, ки Амрико ғайри қобили эътимод аст.

Ҳамчунин 20, 6 дарсади ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ муҳимтарин мушкили сиёсати хориҷии Туркияро равобит бо Амрико баршумурданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад