Чолишҳои амниятии пешорӯи тарҳи хатти лӯлаи ТАПИ

Нодим Бобур гуфт, Исломобод ба таври шаффоф ба Туркманистон эълом кард, тааҳҳуди молии Покистон барои лоиҳаи гази 8-миллиарддолларии ТАПИ замоне оғоз мешавад, ки газ ба марзҳои ин кишвар расида бошад.

Хатти лӯлаи 1814-километрии ТАПИ қарор аст, гази Туркманистонро пас аз убур аз кишварҳои Афғонистону Покистон ба Ҳинд транзит кунад. Суханони мушовири аршади раёсатҷумҳурии Покистон дар бораи он ки ин кишвар риски амниятии интиқоли гази Туркманистон аз масири Афғонистонро намепазирад, ҳокӣ аз падидор шудани нишонаҳое аз тағйири рӯйкарди Исломобод дар ҳамкорӣ барои иҷроӣ шудани ин хатти лӯла аст.

Амалиёти иҷроии хатти лӯлаи гази ТАПИ дар ҷануби Туркманистон бо ҳузури руасои ҷумҳуриҳои Туркманистон, Афғонистон, нахуствазири Покистон ва муовини раисҷумҳури Ҳинд дар соли 2015 оғоз шуд. Тибқи он чӣ дар тавофуқи мақомоти Афғонистон, Покистон, Туркманистон ва Ҳинд тасреҳ шудааст, бояд хатти лӯлаи ТАПИ то поёни имсол ба баҳрабардорӣ бирасад, аммо мизони пешрафт дар иҷрои ин лоиҳа нишон медиҳад, ки баҳрабардорӣ аз ин хатти лӯла дар замони муқарраршуда анҷом нахоҳад шуд.

Бар асоси тарҳи ироашуда, ин хатти лӯла бояд аз се вилояти ноамни ҷанубӣ ва ғарбии Афғонистон ба иловаи Ҳирот убур карда ва вориди Покистон шуда ва аз он ҷо ба Ҳинд биравад.

Агарчи давлати собиқи Покистон бино ба мулоҳизоти мушорикат дар хатти лӯлаи ТАПИ барои таъмини гази мавриди ниёз худ ва даромадҳои ношӣ аз транзити он ба Ҳиндро пазируфт, аммо Ҳизби таҳрики инсофи ҳоким зоҳиран он мулоҳизотро чандон коршиносӣ ва мутобиқ бо манофеи миллии кишвараш дар таъмини пойдори энержӣ намебинад ва ба ҳамин далел ҳозир ба қабули рискҳои ношӣ аз убури ин хатти лӯла аз Афғонистон нест.

Дар ҳамон замон, ки давлати собиқи Покистон вориди имзои тавофуқномаи интиқоли газ аз Туркманистон аз тариқи хоки Афғонистон шуд, ин дидгоҳ низ матраҳ шуд, ки ноамнии мавҷуд дар ин кишвар чолиши бузург барои ин хатти лӯла ва таъмини гази мавриди ниёзи Покистон аст. Дар чунин шароите аст, ки вазири нафт ва манобеи табиӣ дар кобинаи Умрон Хон, нахуствазири Покистон соли гузашта эълом кард, давлати ин кишвар хоҳони такмили хатти лӯлаи содироти гази Эрон ба Покистон мавсум ба хатти лӯлаи “Сулҳ” аст. Тарҳи интиқол газ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Покистон аз марти 2014 оғоз шуда, аммо дахолати бархе кишварҳо иҷроии онро дар Покистон ба таъхир андохтааст. Эрон ба тааҳҳудоти худ дар қиболи қарордоди хатти лӯлаи газ барои содирот ба Покистон амал карда ва хатти лӯларо то марзи ин кишвар эҳдос кардааст. Покистон, ки барои таъмини масорифи гази худ дар бахши хонагӣ ва саноатӣ ба манобеи таъминкунандаи пойдори газ ниёз дорад, ба далоили мухталиф хариди энержӣ аз Эронро ба сарфа медонад ва ба рағми фишорҳои Кохи Сафед ҳамчунон бар иҷрои комили тарҳи интиқоли газ аз Эрон исрор дорад. Эрон, ки ҷузъи тавлидкунандагони умдаи энержӣ дар ҷаҳон, бахусус тавлиди газ аст, метавонад нақши муассир дар таъмини энержии мавриди ниёзи Покистон ифо кунад.

Ҳумани Паймонӣ, коршиноси Маркази таҳқиқоти энержии Осиё ва Уқёнусия мегӯяд, Покистон барои таъмини ниёзи энержии худ ҳеҷ роҳе ба ҷуз воридоти газ аз Эрон надорад.

Бо таваҷҷуҳ ба он ки аз назари коршиносӣ ва фаннӣ, хатти лӯлаи интиқоли гази Эрон ба Покистон тавҷеҳи иқтисодӣ дорад ва ба лиҳози амниятӣ ҳам бо хатароти бисёр камтаре дар муқоиса бо тарҳи ТАПИ мувоҷеҳ аст, метавон суханони мушовири аршади раёсатҷумҳурии Покистонро нишонае аз тағйири рӯйкарди ин кишвар барои хариди газ аз Эрон донист.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад