Бо ҳар касе, ки дар канори Исроил бошад, мухолифем

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисҷумҳури Туркия зимни маҳкум кардани иқдомоти бераҳмонаи режими саҳюнистӣ дар баробари фаластиниён таъкид кард: Мо қабул намекунем, ки дар муқобили саркубгариҳои режими террористии Исроил, ки бемуҳобо дар Фаластин дар ҷараён аст, сукут кунем.

Раҷаб Тайиб Ардуғон гуфт: Ҳамагон бояд бидонанд мо бо ҳар касе, ки дар канори Исроил бошад, мухолифем. Касоне, ки ба фарёдҳои фаластиниҳое, ки хонаҳояшон дар бахши шарқии Қудси ишғолӣ вайрон мешавад, гӯш намедиҳанд ва касоне, ки ба ҳурмати Масҷидулақсо эҳтиром намегузоранд, арзишҳояшонро бо дастони худашон нобуд мекунанд.

Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин низ рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта эълом кард:Пас аз вайронсозии хонаҳои мардум дар каронаи бохтарӣ тамоми тавофуқҳои Ташкилоти худгарон бо режими саҳюнистӣ ба сурати номаҳдуд муаллақ мешавад.

Режими саҳюнистӣ рӯзи душанбеи ҳафтаи гузашта, даҳҳо хонаи мутааллиқ ба фаластиниҳоро дар наздикии Қудс вайрон кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад