Аморот беш аз ниме аз нерӯҳояшро аз Яман хориҷ кардааст

Ба гузориши Тоҷик Пресс, наздик ба як моҳ аст, ки замзамаи хуруҷи нерӯҳои аморотӣ аз Яман ба гӯш мерасад ва мақомоти Аморот ҳам ин масъаларо таъйид карда вале онро “коҳиши нерӯ” хондаанд. Бо ин ҳол ҳанӯз омори мушаххасе аз теъдоди низомёни хориҷшуда аз Яман дар дастрас нест.

Хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс”-и Амрико ба нақл аз манбаъи огоҳе, ки бино ба далоили амниятӣ хоста номаш фош нашавад, гузориш дод, ки Абӯзабӣ тайи ҳафтаҳои гузашта, беш аз ниме аз нерӯҳои худро аз Яман хориҷ кардааст.

Ин манбаъи огоҳ ба ин хабаргузорӣ гуфтааст: “Қабл аз онки ақибнишинӣ оғоз шавад, наздик ба 10 ҳазор нерӯи аморотӣ дар Яман ҳузур дошт”.

Манбаъи “Ассошиэйтед Пресс” ба далоили амниятӣ омори дақиқе ироа намекунад, вале дар ин бора мегӯяд: “Ин омор сиррӣ аст ва наметавон онро аланӣ кард. Аз байни ҳама лашкарҳои низомии Аморот дар Яман, байн 50 то 75 дарсади онҳо хориҷ шудаанд”.

Манбаъи мазкур ҳамчунин гуфт, ки Абӯзабӣ 90 ҳазор низомии яманиро дар ҷануби Яман омӯзиш дода ва фармондеҳони лашкарҳои Аморот ҳамчунон дар Яман ҳузур доранд. Ӯ гуфт, ки ин фармондеҳон дар ҳоли омӯзиш додан ба нерӯҳои яманӣ ҳастанд.

Манбаъи хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” дар идома ба масъалаи муҳимме дар мавриди ҷанги Яман ҳам ишора кард ва он инки нерӯҳои амрикоӣ низ дар ин кишвар ҳузур доранд. Бо ин ҳол ӯ иддио кард, ки ин нерӯҳо ва аморотиҳо дар заминаи “мубориза бо терроризм” бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд.

Ин манбаъ гуфт, ки низомёни аморотӣ дар даргириҳои мустақим мушорикати густардае надоштанд ва маъмурияти онҳо назорат бар амалиётҳои амниятӣ ва идораи амалиётҳо ва омӯзиши нерӯҳо буд.

Бар асоси гузориши “Ассошиэйтед Пресс”, Аморот илова бар Яман, нерӯҳои худ дар бандари “Ассаб” ҳам коҳиш додааст ва ин бандар ба марказе барои оғози амалиётҳои Аморот зидди Ансоруллоҳи Яман табдил шудааст.

Ин хабаргузорӣ ба нақл аз “Питер Салисберӣ”, таҳлилгари барҷаста дар гурӯҳи байналмилалии баррасии бӯҳронҳо навишт, ки ин хуруҷ ва коҳиши нерӯҳо ба манзилаи танаффусе барои нерӯҳои Ансоруллоҳ аст.

“Ассошиэйтед Пресс” дар мавриди вокуниши Арабистони Саудӣ ба ин хуруҷ низ навишт, ки саудӣҳо бо инки ҳанӯз вокуниши расмие надодаанд аммо ин хуруҷро дар мақтаъи феълӣ номуносиб медонанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад