Нишонагузории марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар дидори ду раиси ҷумҳур баррасӣ мешавад

Ба нақл аз рӯзномаи Валл Стрит Журнал, раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон дар дидоре дар минтақаи Ворух ноҳияи Исфара дар вилояти Суғд мавзӯи нишонагузории марзи муштараки ин ду кишвари ҳамсояро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Жеенбеков дар дидор бо сокинони вилояти Ботканди Қирғизистон, ки ҳам марз бо ноҳияи Исфараи Тоҷикистон мебошад бо таъиди музокироти рӯзҳои ояндаи хеш бо Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои тоҷикаш гуфтааст, ки яке аз мавзӯъҳои муҳим дар ин гуфтугӯҳо баҳси нишонагузории марзи муштараки ин ду кишвари ҳамсоя хоҳад буд. Вай таъкид кардааст, ки мардумони Қирғизистон ва Тоҷикистон мусалмон мебошанд, аз як ҷӯи об менушанд ва мазору бозори муштарак доранд, ки бояд бо эҳтироми мутақобил дар фазои мусолиматомез ва ҳифзи равобити деринаи дустӣ ва бародарӣ зиндагӣ кунанд. Дар паи ду даҳсола музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ танҳо 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон нишонагузорӣ шудааст. Ихтилофи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз минтақаҳои марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд аз ҷумла мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина аст.

Бар асоси марзбандиҳои даврони Шуравӣ бархе аз минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври мушаххас нишонагузорӣ нашуда ва теъдоде рустоҳои ин ду кишвар дар дохили ҷумҳурии дигар воқеъ шудаанд, ки акнун ба маншаи ихтилофи мақомоти тоҷик ва қирғиз табдил шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад