Муовини Амано сарпарасти Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ шуд

Ҳейворд-и амрикоӣ аз соли 2016 то ба ҳол раёсати идораи мудирияти Ожонси байналмиллалии энержии атомиро бар уҳда дошт.

Пештар эълом шуда буд рақобати аслӣ барои таъини ҷонишини Амано миёни Корнел Фруто депломати руминӣ ва Рафаел Гроссӣ депломати аргентинӣ аст. Фруто дар ҳоли ҳозир ба унвони ҳамоҳангкунандаи баландпояи сиёсатгузории ожонс машғул ба фаолият аст ва Гроссӣ низ намояндаи Аргентина дар Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ аст.

Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ рӯзи душанбе хабари даргузашти Аманоро эълом кард.

Ҳафтаи гузашта эълом шуд, ки Юкия Амано мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ қасд дорад ба далели ибтило ба як беморӣ зудтар аз мавъуд аз симати худ истеъфо кунад.

Амано депломати жопонии 72 сола дар соли 2017 барои севвумин давраи чаҳорсола ба унвони мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ мансуб шуд ва қарор буд то 30 ноябри 2021 ин симатро уҳдадор бошад.

Саид Аббоси Ироқчӣ муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме бо таслияти даргузашти Юкия Амано навишт, амалкарди моҳирона ва ҳирфаии ӯро ба унвони мудири кулли Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ, ки мунҷар ба баста шудани комили парвандаи “P.M.D” ва судури 15 гузориши пай дар пай мабнӣ бар пойбандии комили Эрон ба БАРҶОМ шуд меситоем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад