Вурӯди маҳмулаи дигаре аз сомонаи С -400 Русия ба Туркия

Ба нақл аз шабакаи телевезионии Русия Алявм, вазорати дифоъи Туркия дар баёнияе эълом кард ду фарванди ҳавопаймобарӣ Русия рӯзи ҷумъа вориди пойгоҳи ҳавоии

Mürted дар наздикии Анқара шуданд.

Русия нахустин қатаъоти С- 400 ро як ҳафта пеш ба Туркия таҳвил дода буд.

Ба гузориши расонаҳои русӣ,таҳвили сомонаҳои С-400 ба Туркия дар се марҳала анҷом хоҳад шуд.

Қарордоди фуруши сомонаи С-400 и Русия ба Туркия дар соли 2017 миёни ду кишвар имзо шуд.

Таҳвили ин сомона ба Туркия бо интиқоди шадиди Амрико рӯ ба рӯ шудааст.

Вашингтон, Анқараро таҳдид кард дар сурати хариди ин сомона дар феҳристи сиёҳи Амрико қарор хоҳад гирифт ва таҳрим мешавад ва таҳвили ҷангандаҳои Ф -35 ба Туркия ро низ мутавақиф хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад