Ваъдаи вижаи Сеул ба муҳоҷирони кории тоҷик

Ҳайъати парлумонии Кореяи Ҷанубӣ ба раёсати Ким Ти Сонг дар дидор бо Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон итминон дод, Сеул ба унвони истисно ба муҳоҷирони тоҷик имтиёз медиҳад ва дар ояндаи наздик миёни ду кишвар дар заминаи муҳоҷирати корӣ тавофуқномаи муртабит ба имзо хоҳад расид.

Дар ин дидор ду тараф ҳамчунин дурнамои ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар арсаҳои гардишгарӣ, иқтисод, энергетика ва тандурустиро баррасӣ карданд.

Бояд ёдовар шуд, ки давлат ба чойи инки дар фикрӣ чора барои баргадондани муҳоҷирон ва истифода аз неруи кории худ дар дохил кишвар ва омодасозии заминаҳо корӣ бошад дар талош аст, ки бо кишварҳои мухталиф дар бораи содир кардани муҳоҷири корӣ ба унвони барда ва хидматкор қарордод бандад.

Агар мардум ва миллат худ чорае барои ҳалли ин мушкилот ва муҳоҷирати корӣ наандешанд давлат феълан дар фикри роҳи чора нест, ки имкониятеро дар дохил омода кунад, то мардон ва занони тоҷик маҷбур ба тарки кишвар нашаванд. Агар ҳалли ин мушкил ва прамлемаҳо ҷузъи вазифаҳои давлат нест пас вазифаи кист ва давлатмандон чи кор мекунанд?

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад