Афзоиши тавлиди тилло ва нуқра дар Тоҷикистон

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон эълом кард: Тавлиди тилло дар ин давра дар муқоиса бо нимаи аввали соли гузашта беш аз 51 дарсад ва тавлиди нуқра 32, 5 дарсад афзоиш ёфтааст.

Бонки Миллӣ ва Вазорати дороии Тоҷикистон тиллоеро, ки дар ин давра тавлид шудааст, ба таври комил харидорӣ кардаанд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон эълом кард, ки зарфиятҳои наве низ барои тавлиди тилло дар маъдани Кумруги боло, воқеъ дар минтақаи Айнии вилояти Суғди Тоҷикистон тавассути ширкати чинии TBEA ба даст омадааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад