Фаластин бозичаи Амрико ва Исроил нахоҳад буд

Мавлуд Човуш Уғлу рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти фавқулодаи вазирони умури хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ дар Ҷаддаи Арабистон барои баррасии ҳамалоти Исроил дар шаҳри Қудси ишғолӣ эълом кард масъалаи Фаластин бо мушкилоти печидае ру ба ру аст ва вазъияти таърихӣ ва қонунии шаҳри Қудс дар хатар аст.

Вазири умури хориҷаи Туркия таъкид кард Исроил мекӯшад таърихи наве барои Қудс бинависад ва мироси исломӣ ва ҳувият ва бофти ҷамъиятии онро тағйир диҳад.

Вазири умури хориҷаи Туркия гуфт, Исроил ҳамчунин ҳамалоти майдонии худро ташдид мекунад ва дар талош аст, то теъдоди шаҳракҳои ғайриқонуниро дар заминҳои Фаластин аз ҷумла Қудс ва Каронаи Бохтарии руди Урдун афзоиш диҳад.

Вазири умури хориҷаи Туркия таъкид кард, режими ишғолгари Исроил аз тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоии фаластиниҳо пешгирӣ мекунад.

Вазири умури хориҷаи Туркия бо ибрози нигаронӣ аз вазъияти Масҷидулақсо гуфт, садҳо шаҳракнишин нахустин бор таи солҳои гузашта дар моҳи Рамазон (имсол) ба Масҷидулақсо ҳамла карданд.

Човуш Уғлу ҳамчунин бо баёни ин ки Қудс хатти қирмизи Созмони ҳамкории исломӣ аст хотирнишон кард, ҳадафи аслӣ аз таъсиси Созмони ҳамкории исломӣ дифоъ аз ҳуқуқи машруи миллати Фаластин аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад