Интиқоди созмонҳои мардумниҳоди Малайзия аз ҳукумати Саудӣ

Созмони исломии Шӯрои машваратии Малайзия, ки муташаккил аз чандин гурӯҳи мардумниҳоди мусалмони малайзияӣ аст, бо судури баёнияе эълон карданд, ки бо сиёсатҳои ташаннуҷзои Арабистони Саудӣ, ки бар суботи минтақа таъсири манфӣ гузоштааст, мухолиф ҳастанд.

Аъзои ин созмон ҳамчунин ҳамла ба Яман, одисозии барқарории равобит бо Исроил, интиқоли нодурусти омӯзаҳои Ислом ва хариди миллиардҳо доллар таслиҳот аз Амрикоро аз ҷумлаи иқдомоти ғайриқобили қабули Арабистон эълом карданд.

Созмони исломии Шӯрои машваратии Малайзия дар ин баёния аз давлати Арабистон хост то ба сиёсатҳо ва иқдомоти зиддиисломии худ, аз ҷумла ҳамла ба мардуми мазлуми Яман хотима диҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад