Амрико садҳо нерӯи низомӣ ба Арабистон ирсол мекунад

Ба гузориши Тоҷик Пресс, шабакаи “CNN” имрӯз аз тасмими давлати Амрико барои эъзоми садҳо нерӯи низомӣ ба Арабистони Саудӣ хабар дод.

Ду мақоми низомӣ ба ин шабака гуфтаанд, ки қарор аст 500 низомии амрикоӣ дар пойгоҳи ҳавоии шоҳзода Султон воқеъ дар минтақае биёбонӣ дар шарқи Риёз, мустақар шаванд.

Дар ҳоли ҳозир теъдоди маҳдуде нерӯи низомӣ ва пуштибонии амрикоӣ дар ин пойгоҳ ҳузур доранд ва дар ҳоли тармим ва иртиқоъи зерсохтҳои ин пойгоҳ ва омодасозии шароит барои истиқрори нерӯҳои бештар ва як сомонаи зиддимушакии “Патриот” ҳастанд.

Бино бар ин гузориш, ин пойгоҳ аз муддате пеш зери назари артиши Амрико қарор дошта, чароки Вашингтон мӯътақид аст, ки мушакҳои Эрон ба сахтӣ метавонанд ин минтақаро ҳадаф қарор диҳанд.

Вазорати дифоъи Амрико моҳи гузашта эълом кард қасд дорад 1000 нерӯи низомии ҷадид ба минтақаи ғарби Осиё эъзом кунад. Нерӯҳое, ки дар Арабистони Саудӣ мустақар мешаванд, бахше аз ҳамин нерӯҳои ҷадид ҳастанд.

Давлати Амрико ҳанӯз тасмими худ барои истиқрори нерӯ дар Арабистонро расман ба Конгресс иттилоъ надода, аммо як манбаъ ба “CNN” гуфтааст, ки Конгресс ба сурати ғайрирасмӣ дар ҷараён қарор гирифта ва интизор меравад, ки ҳафтаи оянда ин тасмим расман эълом шавад.

Тасовири моҳвораӣ, ки тавассути пойгоҳи “Planet Labs” гирифта шуда ва “CNN” ба он даст ёфтааст, нишон медиҳад аз нимаи моҳи гузашта теъдоди маҳдуде нерӯи низомӣ ва пуштибонии амрикоӣ дар ин пойгоҳ мустақар шудаанд. Тасовири дигаре, ки ибтидои ҳамин моҳ бардошта шуда ҳам нишон медиҳад, ки зерсохтҳои ин пойгоҳ, аз ҷумла бондҳои фурӯди ҳавопаймо, тавсеа ёфтааст.

ба гуфтаи мақомҳои амрикоӣ, Вашингтон умедвор аст, ки битавонад аз ин пойгоҳ ба унвони маҳалле барои истиқрори ҳавопаймоҳои ҷангии радаргурез ва насли панҷӯми “F-22” ва дигар анвоъи ҳавопаймоҳои ҷангӣ истифода кунад.

Ба навиштаи “CNN”, ба воситаи ҳассосияти Арабистони Саудӣ дар бораи эъломи ҳузури низомёни амрикоӣ дар ин кишвар, Пентагон феълан аз изҳори назар дар мавриди ин гузориш худдорӣ кардааст. Риёз ҳам ҳанӯз ин мавзӯъро ба сурати умумӣ эълом накардааст.

Моҳи гузашта, “Майк Помпео” вазири хориҷаи Амрико дар изҳороте, ки бо вокуниши манфии намояндагони ҳар ду ҳизб дар Конгресс рӯбарӯ шуд, гуфт Вашингтон қасд дорад бо истинод ба муҷаввизҳои гузашта ва бо ҳадафи эҷоди “боздорандагӣ” дар баробари Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷангафрӯзҳое ба арзиши 8.1 миллиард доллар ба Арабистони Саудӣ содир кунад.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки мушорикати Амрико дар ҳамалоти маргбори Арабистони Саудӣ ба Яман, дар Амрико ба мавзӯе ҷанҷолбарангез бадал шуда ва бисёре аз намояндагон, таваққуфи ин ҳамкориро хостор шудаанд. Сано ва Маҷлиси намояндагон ҳатто қатъномаҳое барои таваққуфи мушорикати Амрико дар ҷанги Яман содир кардаанд, аммо “Доналд Трамп” раисиҷумҳури Амрико ин қатъномаҳоро вето кардааст.

Бар асоси тарҳе тоза, ки тавассути гурӯҳе аз аъзои ҳар ду ҳизби сиёсии Амрико дар Сано матраҳ шуда, давлати Амрико бояд гузорише ҷомеъ аз мизони ҳамкориҳои ин кишвар бо Арабистони Саудӣ дар ҳамла ба Яман, тадвин кунад. Трамп дар тавҷеҳи идомаи мушорикат дар ин ҷанг ва ҳамчунин худдорӣ аз таваққуфи фурӯши силоҳ ба Арабистони Саудӣ, Риёзро муштарии муҳимми ҷангафрӯзҳои амрикоӣ тавсиф карда ва гуфтааст, ки намехоҳад Амрикоро аз миллиардҳо долларе, ки саудӣҳо ҳозиранд бипардозанд, маҳрум кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад