Маҳкумияти Амрико дар Созмони Миллал

Дар ин росто Шурои ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи душанбе 15 июл бо аксарияти оро қатъномаи маҳкумияти таҳримҳои Амрикоро тасвиб кард. Пешнависи ин қатъномаро Венесуэла ба Фаластин ба намояндагӣ аз ҷунбиши ғайримутаъаҳидҳо ироа карда буданд. Ин пешнавис бо 28 раъйи мувофиқ 14 раъйи мухолиф ва панҷ раъйи мумтаниъ ба тасвиб расид. Николас Мадаро раиси ҷумҳури Венесуэла баъд аз тасвиби ин қатънома бо қадрдонӣ аз ҳимояти кишварҳои узви Шурои ҳуқуқи башар барои тасвиби ин қатънома гуфт, ин як пирӯзӣ аст, ки ҳамкории байналмиллалиро густариш ва таҳримҳои ампериалистиро рад мекунад.

Ҳар чанд таҳримҳои Амрико ба баҳонаҳои мухталифи сиёсӣ, тиҷорӣ, амниятӣ ва ҳатто ҳуқуқи башарӣ алайҳи дигар кишварҳо ба вижа кишварҳои рақиб ё мухолиф иҷроӣ мешавад, бо ин ҳама сарфи назар аз далелҳои зоҳирӣ далели аслии идомаи ин руйкард пайгрии манофеи Вашингтон аст. Давлати Трамп муътақид аст, ки барои амалисозии аҳдофи худ дар бораи дигар кишварҳо иҷрои фишор ба вижа иҷрои таҳримҳо дар қолиби қудрати “нимасахт”, абзори муассир ва коромаде аст.

Арон Весс Мичел муовини вазири умури хориҷаи Амрико дар умури Аврупо ва АвруОсиё мегуяд, таҳримҳо абзоре роҳбурдӣ ҳастанд ва ҳамакнун Амрико дар саросари ҷаҳон 4190 таҳрим дорад.

Иқдомоти таҳримии Амрико дар давраи Трамп беш аз ҳар замони дигаре на танҳо барои барандозии давлатҳои қонунии дигар кишварҳо балки ба манзури зарба задан ба рақибони тиҷорӣ бо ҳадафи канор задани онҳо ва ба инҳисор даровардани бозорҳои иқтисодӣ мавриди истифода қарор мегирад.

Идрис Ҷазоирӣ гузоришгари вижаи Шурои ҳуқуқи башари Созмони Миллал дар майи 2019 эълом кард таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Куба, Венесуэла ва Эрон, ки бо аҳдофи сиёсӣ сурат мегиранд ба масобаи нақзи ҳуқуи башар ва қавонини байналмиллалӣ аст. Дар мавриди ҳар се кишвар, давлати Трамп аз таҳримҳо монанди абзоре барои иҷрои фишор алайҳи ин дадвлатҳо ва дар ниҳоят барандозии онҳо истифода кунад. Трамп зимни мутаваққиф кардани раванди оддисозии равобит бо Куба, таҳримҳо алайҳи ин кишварро аз сар гирифтааст. Дар бораи Венесуэла низ Вашингтон аз соли 2017 то кунун 150 мақом ва ниҳоди венесуэлаиро таҳрим карда ва талош мекунад, то давлати чапгарои Венесуэларо аз лиҳози молӣ ва иқтисодӣ фалаҷ кунад. Бо ин ҳама муҳимтарин иқдомоти таҳримии давлати Трамп алайҳи Эрон анҷом шудааст. Трамп пас аз хуруҷ аз тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ дар майи 2018 дар ду марҳила бесобиқатарин таҳримҳоро алайҳи Эрон иҷроӣ карда, ки аз ҷумла шомили таҳримҳои нафтӣ низ мешавад. Трамп ахиран таҳдид кардааст, ки таҳримҳо алайҳи Эронро афзоиш хоҳад дод.

Бо таваҷҷуҳ ба таъсироти мухарриби таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи дигар кишварҳо ба назар мерасад интиқоди ҳамаи кишварҳо аз ин руяи Вашингтон ва бархурди он ба далели ба коргирии ин таҳримҳо ва иҷроии онҳо бидуни иҷозатномаи Шурои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид зарурат дорад то бадин тартиб Амрико ночор шавад дар ин замина таҷдиди назр кунад. Дар ин росто кишварҳои ҷаҳон бояд дар муқобили иқдомоти таҳримии Амрико мазеъе воҳид бигирад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад