Оғози размоиши муштараки нерӯҳои заминии Арабистон ва Амрико

Ба гузориши хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ (Вос) , ин размоиши муштарак бо номи Фармондеҳи пуршӯри 2019 дар маркази тамрини аслии шаҳри низомии Малак Холиди Арабистон бо ҳузури ягонҳое аз нерӯи заминии артишҳои Арабистон ва Амрико оғоз шудааст. Женерол Солеҳ ибни Аҳмад Алзаҳронӣ фармондеҳи минтақаи шимолии Арабистон дар ин робита гуфт, ҳадаф аз баргузории ин размоиш тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии низомии муштарак миёни ду кишвар ва табодул ва интиқоли таҷрибаҳо ва низ боло бурдани сатҳи омодагӣ аст.

Бар асоси ин гузориш, ин размоиш ба муддати ду ҳафта идома хоҳад дошт ва қарор аст теъдоде маъмурияти омӯзишӣ дар муҳити амалиётӣ анҷом шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад