Амрико Туркияро таҳрим мекунад

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии Алъолам, баъд аз таҳвил шудани аввалин падофанди мушакии С-400 русӣ ба Туркия дар рӯзи ҷумъа Иёлоти Муттаҳида тасмим гирифтааст, ки ин иқдоми Анкараро бо иҷрои таҳримҳои шадид талофӣ кунад.

Вебгоҳи Бломберг бомдоди якшанбе ба нақл аз манобеи мутталиъ навишт, ки аъзои давлати Амрико ба раёсати Доналд Трамп бар сари ҷузъиёти бастаи таҳримӣ бо ҳадафи танбиҳ кардани Туркия ба далели хариди сомонаи падофанди мушакии русӣ ва таваҷҷуҳ накардан ба ҳушдорҳои Вашингтон ба иҷмои назар расиданд.

Яке аз ин ашхос ба Бломберг гуфт, ки ҳадафи Амрико ин аст, ки авохири ҳафтаи оянда ин таҳримҳоро алайҳи Туркия эълом кунад, аммо феълан сабр мекунад то солгарди кудатои нофарҷоми 15 июли 2016 дар Туркия бигузарад то шубҳаи ҳимояти Вашингтон аз кудато пеш наёяд.

Манобие дар Вазорати хориҷаи Амрико ҳамчунин пештар таҳдид карда буданд агар Туркия ба пешбурди қарордоди хариди сомонаҳои падофанди С-400 идома диҳад, аз барномаи тавлиди муштараки ҷангандаҳои Ф-35 канор гузошта мешавад ва бақияи ҳавопаймоҳои харидоришударо низ таҳвил намегирад.

Ҳавопаймоҳои ҳомили сомонаи С-400 русӣ рӯзи ҷумъа дар пойгоҳи ҳавоӣ дар наздикии Анкара фуруд омаданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад