Эълони омодагии Путин барои музокира бо Украина

Ба гузориши хабаргузории Тоҷик Пресс ба нақл аз Рейтерз, Владимир Путин рӯзи панҷшанбе ба пешниҳоди ахири ҳамтои Украинии худ, Владимир Зеленский барои баргузории музокирот миёни ду кишвар посух дод ва гуфт; Маскав омодаи музокира дар бораи Украина дар ҳар шакле аст, аммо бояд давлати нав дар Киев,ташкил шуда бошад.

Раисҷумҳурии Русия афзуд; мо ҳар гиз ҳеҷ як аз қолибҳои пешниҳод шуда барои музокиротро рад наркардаем ва метавонем дар бораи масоили мухталиф баъд аз шаклгирии ниҳоии давлати нави Украина ва баргузории интихоботи парлумонии ин кишвар ба баҳс бинишинем.

Раисҷумҳурии Русия дар айни ҳол таъкид кард,ки намедонад вокуниши дигари тарафҳои пешниҳодшуда барои ин музокира чист.

Русия пас аз пирузии Зеленский дар интихоботи Апрели гузашта,эълон кард муносибатҳои ояндаи Кремл ва Киев бар асоси мавозеъ ва иқдомҳои раиси ҷумҳурии нави Украина хоҳад буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад