Дастгирии модари ДИИШИҲО дар шимоли Ироқ

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии Алсумерия Нюзи Ироқ, нерӯҳои амниятӣ мувафақ шуданд ин зани ДИИШИ ро,ки таҳти таъқиби қазоӣ буд, дар минтақаи Сумер шаҳри Мувсел воқеъ дар шимоли Ироқ дастгир кунанд.

Зани ДИИШИ хонаашро ба пойгоҳи терраристҳо табдил карда буд.

Пештар Вазорати кишвари Ироқ низ эълом карда буд,ки яке аз саркардаҳои гурӯҳи терраристии ДИИШ,ки масули судури аҳкоми эъдом дар Мувсел буда тавассути нерӯҳои амниятии ин кишвар дастгир шуд.

Бо вуҷуди шикасти гуӯуҳи терраристии ДИИШ дар Ироқ , ҳануз шуморе аз аъзои ин гурӯҳи терраристӣ дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар ҳузур доранд ва ба сурати пароканда даст ба иқдомҳои терраристӣ мезананд.

Гурӯҳи терраристии ДИИШ дар соли 2014, бо ҳимояти молӣ ва низомии Амрико ва ҳампаймонони ғарбӣ ва арабӣ ин кишвар ро ишғол кард ва ҷиноятҳои бешуморе анҷом дод.

Нерӯҳои Ироқӣ бо кумаки мусташории Ҷумҳурии исломии Эрон 17 моҳи ноябри соли 1017 мувафақ шуданд охирин пойгоҳҳои ДИИШ дар Ироқ ро озод кунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад