Дархости сенаторҳои амрикоӣ барои таҳрими Туркия

Яке аз ихтилофоти муҳими Амрико ва Туркия пофишории Анкара бар хариди сомонаи мушакии зидди мушакии С-400 аз Русия аст. Бо таваҷҷуҳ ба иҷроишудани ин қарор ин қарордод ва оғози таҳвили сомонаҳои С-400 ба Туркия шуморе аз сенаторҳои амрикоӣ хоҳони таҳрими Анкара шудаанд. Ин сенаторҳо рӯзи ҷумъа 12 июл аз Трамп хостанд то таҳримҳоеро алайҳи Туркия ба далели хариди ин сомона аз Русия эъмол карда ва фуруши ҷангандаҳои насли панҷумии Ф-35 ба Анкараро то замони номушаххас мутаваққиф кунад.

Сенаторҳои амрикоӣ хариди сомонаи русии С-400 тавассути Туркияро паёме ҳушдордиҳанда дар бораи наздикии Туркия ба Русия ва таҳдиде барои барномаи Ф-35 хонданд.

Ин сенаторҳо Туркияро як шарики муҳим дар НАТО эълом карда ва ибрози умедворӣ карданд, ки равобити стратегии Амрико ва Туркия ба сардӣ нагароид.

Туркия яке аз кишварҳои узви НАТО аст ва Вашингтон муддаъӣ аст, ки вуруди сомонаи С-400 ба шабакаи падофанди ҳавоии НАТО метавонад нуқоти заъфи ҷангандаҳои кишварҳои узви ин паймон аз ҷумла ҷангандаи Ф-35-ро барои Русия ошкор кунад. Ҳамчунин давлати Трамп нигарон аст, ки таслиҳоти русӣ ва вобстагии таслҳиотӣ ба русия , Анкараро беш аз пеш ба самти Маскав савқ диҳад.

Вазорати дифои Туркия рӯзи ҷумъа аз таҳвили нахустин маҳмулаи сомонаи мушакии С-400 хабар дод ва тасреҳ кард, ки раванди таҳвили ин сомона дар рӯзҳои оянда низ идома хоҳад дошт. Дар баёнияи Вазорати дифои Туркия омадааст бо такмили раванди ин сомонаи мушакӣ истифода аз он низ ба зудӣ оғоз хоҳад шуд.

Қарордоди хариди С-400 хашми Амрикоро барангехта батавре, ки давлати Трамп эълом кардааст, дар сурати таҳвили сомонаи мушакии С-400 Русияро аз сӯи Туркия, Вашингтон фуруши ҳавопаймоҳои Ф-35 ба ин кишварро мутаваққиф ва таҳримҳои сангинеро алайҳи Анкара эъмол хоҳад кард. Пеш аз ин қарор буд ҷангандаҳои Ф-35 дар соли 2019 ба Туркия таҳвил дода шавад. Акнун Вашингтон эълом карда, ки машваратҳо барои тавлиди қатаоте аз ҳавопаймои Ф-35ро, ки дар Туркия тавлид мешавад дар кишварҳои дигар оғоз карда ва ҳатто будҷети 206 миллион долларӣ дар ин замина аз конгира дархост кардааст. Пештар низ давлати Трамп Анкараро таҳдид карда буд, ки ба маҳзи вуруди аввалин маҳмулаи сомонаи русии С-400 ба хоки Туркия таҳримҳои сахтеро зидди ин кишвар иҷроӣ мекунад. Ба рағми фишорҳои Амрико, аммо Анкара ҳамчунон бар хариди ин сомонаи мушакӣ аз Русия таъкид мекунад.

Мавлуд Човуш Уғлу вазири умури хориҷаи Туркия бо ишора ба таҳдидҳои Амрико гуфт, қарордоди сомонаи мушакии С-400 байни Туркия ва Русия ниҳоӣ шуда ва ҳеҷ кас наметавонад ба Анкара бигуяд, ки байни ғарб ва Русия якеро интихоб кунад.

Ташдиди муноқиша байни Амрико ва Туркия нигаронии мақомоти НАТОро беш аз пеш барангехтааст. Дар ин росто як мақоми НАТО бо таваҷҷуҳ ба таҳвили сомонаи мушакии С-400 Русия ба Туркия дар бораи паёмадҳои он барои Анкара ибрози нигаронӣ кард. Ин мақоми узви НАТО, ки номаш зикр нашудааст гуфт, мо аз авоқиби эҳтимолии тасмими Туркия барои дар ихтиёр гирифтани сомонаи мушакии С-400 нигарон ҳастем.

Масъалаи хариди сомонаи мушакии С-300 тавассути Туркия акнун ба муҳимтарин ва чолишбарангезтарин мавзӯъ дар равобити Анкара ва Вашингтон табдил шуда ва ояндаи равобит миёни ин ду кишвар узви НАТОро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст. Ба назар мерасад Анкара дар бораи таҳвил ва истиқрори сомонаҳои мушакии С-400 дар хоки сомонаи С-400 ро ба масъалае ҳайсиятӣ барои Туркия ва Раҷаб Таиб Эрдуғон раиси ҷумҳури Туркия табдил кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад