Тарҳи нави сенати Амрико дар бораи поймолсозии ҳуқуқи башар дар Арабистон

Дар тарҳи Кумитаи равобити хориҷии сенати Амрико Муҳаммад ибни Салмон валиъаҳди Арабистон мавриди интиқод қарор гирифта ва қавонине барои муқобила бо иқдомоти зидди ҳуқуқи башарии ин кишвар пешбинӣ шудааст.

Ин тарҳ охирин маврид аз ришта иқдомоти конгираи Амрико барои масъул шинохтани Арабистон дар мавориди қонуншиканӣ аз ҳуқуқи башар аз ҷумла қатли Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди саудӣ дар консулгарии Арабистон дар Истанбули Туркия ва ҷанг дар Яман аст.

Ҳамчунин дар тарҳи Кумитаи равобити хориҷии сенати Амрико аз Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико хоста шудааст, то аз эътои виза ба он даста аз шаҳрвандони саудӣ, ки муртакиби мавориди поймолсозии ҳуқуқи башар шудаанд худдорӣ кунад.

Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди саудӣ дуввуми октиябри 2018 дар консулгарии Арабистон дар Истанбул ба тарзи фаҷие ба дасти маъмурони эъзомшуда аз Риёз ба қатл расид.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад