Шумориши пайравони динҳои мухталиф дар ҳошияи саршумории 2020 Тоҷикистон

"Дину мазҳаби Шумо чист?" Суолҳои нав дар саршумори аҳолии Тоҷикистон

Парлумони Тоҷикистон пешнависи қонуни саршумории ин кишварро тасвиб кард, ки баъд аз мувофиқати маҷлиси олӣ ва раиси ҷумҳури ин кишвар дар соли оянда амалӣ мешавад.

Абдулҳалим Ғаффорзода узви Кумитаи масоили иҷтимоии Маҷлиси намояндагони парлумони Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо расонаҳо гуфт, равшан аст, ки бахши асосии мардуми Тоҷикистон пайрави дини Ислом ҳастанд, аммо дар саршумории оянда ин омор дақиқтар хоҳад шуд.

Вай афзуд, мо зимни суҳбатҳо ҳамвора мегуем, ки беш аз 90 дарсади мардуми Тоҷикстон мусалмон ҳастанд ва ҳадафи мо дақиқ кардани теъдоди мусалмонон, масиҳиён ва дигар адиён ва бединҳо мебошад.

Ғаффорзода гуфт, ин омор барои давлат, ки эътиқоди шаҳрвандони худ ба динро бояд бидонад ва ҳамчунин созмонҳои байналмиллалӣ, ки мехоҳанд дар ин кишвар фаолият кунанд лозим аст.

Бино бар суҳбатҳои вай маъмулан шаҳрвандони хориҷӣ пеш аз сафар ба ҳар кишваре расму русум ва дини мардуми он кишварро меомӯзанд, то ҳангоми сафар хилофи эътиқоди мардуми маҳаллӣ амал накунанд.

Қиёмуддин Давлатзода масъули Ожонси омори Тоҷикистон гуфт, савол дар мавриди пайравии шаҳрвандон аз кадом дин ва мазҳаб барои аввалин бор аст, ки дар саршумории ин кишвар матраҳ мешавад.

Вай гуфт, пешниҳод дар ин хусусро намояндагони парлумони Тоҷикистон матраҳ карданд ва то ба ҳол тавассути маҷлиси олӣ ва раиси ҷумҳури ин кишвар таид нашудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад