Марги як коргари муҳоҷири тоҷик дар Русия

Боз як коргари муҳоҷири тоҷик дар Русия дучори марги дилхарош шуд.

Ин хабари ногуворро имрӯз хабаргузории Рио-Новостӣ мунташир кардааст.

Дар матлаби ин хабаргузорӣ иллати марги муҳоҷири тоҷик сарозершудани масолеҳи сохтимонӣ бар сари ӯ дар маҳалли сохту сози яке аз биноҳои маскунии воқеъ дар шимоли шарқи шаҳри Маскав унвон шудааст.

Рио-Новостӣ ба исм ва насаби муҳоҷири ҷон бохтаи тоҷик ишорае накардааст.

Ҳамасола беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои анҷоми кори доимӣ ё фаслӣ роҳии Русия мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки ҳудудан ҳазор нафар аз ин ашхос ҷони худро аз даст медиҳанд.

Иллати аслии маргу мири муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳодисаҳо ва таъаррузи гуруҳҳои нажопараст аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад