Афзоиши сармояи аввалияи нерӯгоҳи “Роғун”

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, дар ҷаласаи ахири ҷамъияти саҳҳомии “Роғун” 3 миллиарду 560 миллион сомонӣ бар сармояи аввалияи ин нерӯгоҳ афзуда шуд ва сармояи аввалияи онро ба 27 миллиарду 760 миллион сомонӣ расонд.

Ин маблағ қарор аст бар асоси афзоиши саҳҳоми “Роғун” ва фурӯши авроқи баҳодор таъмин шавад.

Ҳамчунин қарор аст 35 миллиону 600 ҳазор сомонӣ авроқи баҳодори ин нерӯгоҳ ба фурӯш бирасад.

Нахуствазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода – раиси Шӯрои нозирони ҷамъияти саҳҳомии “Роғун” аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад