Неругоҳи барқи Арабистон ҳадафи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини артиши Яман қарор гирифт

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Алмаёдин, Яҳё Сариъ гуфт: Неругоҳи барқи “Таҳома” воқеъ дар Абҳо ва фурудгоҳи байналмиллалии ин шаҳри Арабистон ҳадафи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини “Қосифи K-2” қарор гирифтааст.

Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман таъкид кард, ки ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини яманӣ бо диққати боло ҳадафҳои мавриди назарро ҳадаф қарор додааст.

Ин барои чандумин бор аст, ки фурудгоҳи Абҳо ҳадафи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини артиши Яман қарор гирифт.

Ягонмушаки артиши Яман низ бо як фарванд мушаки Зилзол як ҷойгоҳи неруҳои вобаста ба эътилофи Саудиро дар шимоли саҳрои Мидӣ воқеъ дар устони марзии Ҳиҷҷа ҳадаф қарор доданд.

Бар асоси ин гузориш, шуморе аз неруҳои эътилофи саудӣ дар ин ҳамла кушта ё захми шуданд.

Ҳамлаҳои дақиқи мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини неруҳои Яманӣ ба марокизӣ низомиӣ Арабистон ва неруҳои вобаста ба он дар хокӣ Яман ба кобӯси барои давлатӣ Риёз табдил шуда ва токунун натавониста монеи ин ҳамалаҳо шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад