Кумаки 72 миллионевроии Аврупо ба Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо илова бар як миллиард евро, ки дар чорчӯби роҳбурди солҳои 2022-2014 дар ихтиёри кишварҳои Осиёи Марказӣ мегузорад, 72 миллион еврои дигар барои иҷрои барномаҳои башардӯстона дар ихтиёри кишварҳои ин минтақа қарор медиҳад.

Ин матлаб дар баёнияи матбуотии Комиссияи Аврупо дар поёни ҷаласаи Федерико Могеринӣ, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо ва вазирони умури хориҷаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон эълом шудааст.

Бар асоси ин баёния, Тоҷикистон барои сохти як нерӯгоҳи барқӣ – обии ҷадиде, ки барои таъмини ниёзи дохилии ин кишвар ва содирот ба Афғонистон эҷод мешавад, 20 миллион евро дарёфт мекунад.

Дар ин баёния ба омодагии Олмон барои ироаи кумакҳои лозим ба ин тарҳ ишора шудааст.

Ҳамчунин Иттиҳоди Аврупо 2 миллион евро аз кумаки бебозгашти худро барои тавонмандсозии иқтисоди занони кишварҳои ин минтақа ва 36 миллион евроро барои ҳимоят аз бахши омӯзиш ва парвариши кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳазина хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад