Қудратмандтарин зани ҷаҳон, зери заррабини расонаҳо

Ба навиштаи рӯзномаи Дейлӣ Мейл, Ангела Меркел садри аъзами Олмон, ки ахиран пас аз парвози ҳудуди 22 соата ба Осакаи Жопон дар нишасти Гуруҳи 20 ширкат ёфт ончунон ҳузури чашмгире дар ин нишаст надошт.

Дафтари Меркел нахустин баданларзи садри аъзами Олмонро ба далели камбуди оби бадан эълом карда буд.

Дуввумин баданларзи Меркел низ панҷшанбеи гузашта дар дидори Франк Валтер Штайнмаер раиси ҷумҳури Олмон руй дод ва дафтари вай иллати онро фишори равонии бархоста аз аввалин баданларз эълом кард.

Рӯзномаи Белди Олмон, аммо дар ин замина навишт, сервисҳои ҷосусии ҷаҳон аз тавзеҳоти Дафтари Олмон қонеъ нашудаанд ва ба дунболи дастрасӣ ба собиқаҳои пизишкии вай ҳастанд, то иллати аслиро кашф кунанд.

Садри аъзами 64 солаи Олмон мегуяд, ки мутмаин аст мушкиле надорад ва далиле барои муроҷиа ба пизишк намебинад.

Дафтари Меркел низ дар вокуниш ба шоеаҳо эълом кард вай дар яонда ҳеҷ як аз дидорҳои худро бекор нахоҳад кард.

Меркел аз соли 2005 ба унвони садри аъзами Олмон машғул ба кор аст ва дар расонаҳо ва маҳфилҳои сиёсӣ, қудратмандтарин зани ҷаҳон шинохта мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад