Нишасти сеҷониба дар мавриди Сурия хоҳад буд

Ба гузориши бомдоди рӯзи душанбеи шабакаи телевезионии Алмаёдин, Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба макони ин нишасти сеҷониба ишорае накардааст.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густардаи гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои тағийри муодилоти минтақа ба нафъи режими Саҳюнистӣ оғоз шуд.

Артиши Сурия ахиран бо кумакҳои мусташории ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳимояти Русия тавонист парвандаи гурӯҳи террористии ДИИШ ро дар ин кишвар бибандад.

Раиси ҷумҳурии Туркия ҳамчунин дар бахши дигари суханонаш гуфт; ба ҳеҷ ваҷҳ имкон надорад, Анқара бо тарҳи сулҳи Амрико барои ғарби Осиё таъомули мусбат дошта бошад.

Раҷаб Тайиб Эдуғон дар айни ҳол гуфт, кишвараш дар 10 рӯзи оянда сомонаи мушакии “С – 400” ро аз Русия таҳвил хоҳад дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад