Доналд Трамп ба хоки Кореяи Шимолӣ қадам гузошт

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, бо Ким Ҷунг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ дар Минтақаи ҳоили ғайринизомӣ дар байни ду Корея даст дод ва бо ҳам гуфтӯгу карданд.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико баъди даст додан ба Ким Ҷунг Ун ба хоки Кореяи Шимолӣ қадам гузошт ва нахустин раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида шуд, ки ин корро мекунад. Баъди як даст додани дигар Трамп ва Ким ба қаламрави Кореяи Ҷанубӣ баргаштанд ва ба онҳо раисиҷумҳури ин кишвар Мун Ҷае-ин ҳамроҳ шуд.

Доналд Трамп гуфт: “Ин як рӯзи бузург барои ҷаҳон аст ва ман аз будан дар инҷо ифтихор мекунам.” Ӯ афзуд: “Дар инҷо чизҳои бузурге иттифоқ меафтад.” Ким Ҷунг Ун гуфт, қадам ниҳодани Трамп ба хоки Кореяи Шимолӣ, амале далерона ва собитқадамона аст, ки нишон медиҳад, мо мехоҳем гузаштаи нороҳаткунандаро хотима диҳем.

Баъди 50 дақиқаи гуфтугӯ паси дарҳои баста бо Ким, Доналд Трамп гуфт, ки ду тараф дастур додаанд, ки ҳайатҳои Амрикову Кореяи Шимолӣ музокироти мутаваққифшудаи атомиро аз сар бигиранд. Ӯ афзуд, ки ба Ким Ҷунг Ун пешниҳод кардааст, ки ба Амрико сафар анҷом диҳад.

Пеш аз парвозаш ба инҷо дар чархбол аз шаҳри Сеул пойтахти Кореяи Ҷанубӣ ӯ ба хабарнигорон гуфт, ки мунтазири дидор бо Ким Ҷунг Ун аст, то ба ӯ даст дода, салом гӯяд.

Ду раҳбар дар гузашта ду бор дар бораи даст кашидани Кореяи Шимолӣ аз силоҳҳои атомӣ гуфтӯгу кардаанд. Ҳарчанд Доналд Трамп ва Ким Ҷунг Ун баъди ин мулоқотҳо ҳамдигарро ситоиш кардаанд, вале дар масъалаи орӣ кардани нимҷазираи Корея аз силоҳи атомӣ пешрафти ночизе ҳосил шудааст.

Доналд Трамп баъди ширкат дар нишасти сарони кишварҳо Гурӯҳи 20 дар шаҳри Осака дар Ҷопон рӯзи 29-уми июн ба Сеул омад ва баъди мулоқот бо раиси ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ки мехоҳад, бо Ким Ҷунг Ун дар Минтақаи ҳоили ғайринизомӣ гуфтугӯ кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад