Чаро Арабистони ғайрисанъатӣ дар иҷлоси G20 ширкат кард?

Ба гузориши Тоҷик Пресс ба нақл аз сайти “Ал-Халиҷ”,гурӯҳе ин саволро матраҳ мекунанд, ки чӣ тавҷеҳе барои ширкати Арабистон дар иҷлоси G20 вуҷуд дорад, зеро Арабистон натанҳо як кишвари бузурги санъатӣ ба шумор намеравад балки асосан иқтисоди он бо чолишҳое рӯбарӯ аст, ки аз солҳо пеш Арабистонро ба самти ояндае мубҳам савқ додааст.

Посух ба ин савол танҳо ин аст, ки Арабистон нафт дорад. Фақат ҳамин омил боис шудааст, ки дар иҷлоси G20 ҳузур дошта бошад. Даромадҳои нафтии ин кишвар танҳо рукни аслии иқтисоди Арабистон аст ва тавлиди болои нафтӣ боис шудааст, ки ин кишвар нақше дар бозори ҷаҳонии энержӣ бози кунад.

 

Таъсири иқтисодии маҳдуд

Бо муқоисаи иқтисоди Арабистон бо соири кишварҳои гурӯҳи 20, ки шомили 19 кишвар ба ҳамроҳи иттиҳодияи Аврупо аст, Риёз бо шохисҳои поини иқтисодӣ дар сояи бесуботии нархи нафт ва раванди нузулии он ва шароити амниятӣ ва сиёсӣ дар ҷойгоҳи 18 дар ин гурӯҳ қарор дорад. Ин вазъият боис шудааст, ки таъсири Арабистон дар иқтисоди ҷаҳонӣ маҳдуд бошад.

Ин дар ҳоле аст, ки соири аъзои гурӯҳи 20 иқтисоди санъатии мутанаввеъе доранд ва нақши муассире дар иқтисоди ҷаҳонӣ бози мекунанд.

Бо муқоисаи манобеъи даромадии аъзои гурӯҳи 20 ба осонӣ метавон дарёфт, ки ин аъзо ба ғайр аз Арабистон иқтисодҳое дорои манобеъи даромадии мутанаввеъе доранд ва ин фақат Арабистон аст, ки беш аз 70 дарсади даромади онро нафт ташкил медиҳад ва ин нафт аст, ки рукни аслии боло бурдани иқтисоди Арабистон ба шумор меравад.

Аммо нафти сиёҳ, ки омиле барои рушди иқтисодии Арабистон будааст, метавонад омиле барои фурӯпошии он ҳам бошад зеро ҳаргуна коҳиши зиёди нархи нафт ҳамчун соли 2014-и мелодӣ, кофӣ хоҳад буд, ки зарбае кушанда ба иқтисоди Риёз ворид карда ва онро ба лабаи партгоҳи амиқе савқ диҳад.

Дар ин миён, сайти “Middle East Eye”-и Англис низ ахиран навишт, ки тарҳи чашмандози 2030-и Арабистон бо ҳадафи мутанаввеъ кардани манобеъи даромадии Арабистон, шикаст хоҳад хӯрд.

Ин сайт таъкид кард: “То кунун 9 тарҳи тавсеъаии Арабистон шикаст хӯрдааст, ки охирин тарҳ низ чашмандози 2030 мебошад, ки таҳаққуқи он низ имконпазир нест”.

Ин расона иллати пешбинии шикасти чашмандози 2030-ро дар ин медонад, ки давлати Саудӣ аз аркони раҳбарии даврони баъд аз нафт бархурдор нест, зеро ба пулҳои осон ба дастомадаи ношӣ аз фурӯши нафт одат кардааст.

Ба навиштаи ин сайт, сармоягузории воқеӣ, ки бидуни такя бар нафт аст, ниёз ба замон барои касби даромад дорад, аммо Арабистон парвандае саршор аз беинзиботӣ дар заминаи сармоягузорӣ дорад.

Хабаргузории “Bloomberg” низ дар охирин гузориши худ оварда буд: “Талошҳои Риёз барои мутанаввеъ кардани иқтисоди худ ва дурӣ гузидан аз даромадҳои нафтӣ ба унвони танҳо манбаъ ба манзури тақвияти вазъияти умумии молӣ то кунун ба шикаст анҷомидааст”.

Муҳаммад Ал-Шаҳрӣ коршиноси иқтисодӣ дар гуфтугӯ бо “Ал-Хлиҷ” гуфт: “Арабистон дар табдили иқтисоди худ ба як иқтисоди ғайринафтӣ шикаст хӯрдааст ва инро бисёре аз гузоришҳои байналмилалӣ таъйид мекунад”.

Ӯ афзуд: “Мутанаввеъ нашудани иқтисоди Арабистон дарбораи вуқӯъи фоҷиъаи иқтисодие дар Арабистон дар сурати фурӯпошии нархи нафт, монанди соли 2014 ҳушдор медиҳад. Ин амр боиси суқути қавитарин иқтисоди арабӣ хоҳад шуд”.

Ӯ таъкид кард: “Афзоиши нархи нафт дар моҳҳои ахир боис шудааст, ки Арабистон ҳазинаҳои умумии худро бештар кунад ва ин амр таъйид мекунад, ки рушди ғайринафтӣ дар Арабистон заиф ё ғайривоқеӣ аст ва то акнун ба таври тақрибан комил бар даромадҳои нафтӣ вобаста аст”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад