Нигоҳе ба Комиссияи Оштии Миллии Тоҷикистон “1”

Ин асноди сулҳро ниҳоде таҳти унвони Комиссияи Оштии Миллӣ дар муддати қариб се сол ба ҳаёт татбиқ намуд. Ин Комиссия нахустин ҷаласаи худро 22 сол қабл дар ҳамин рӯзҳои моҳи июл дар Маскав баргузор намуда буд.

Комиссияи Оштии Миллӣ чӣ ниҳоде буд ва чи нақше дар таърихи сулҳи тоҷикон дош?

Дар бораи таърихчаи таъсиси ин Комиссия роҳбари вақти он, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар китоби худ “Оштинома”, ки соли 2001 дар Душанбе мунташир шуд, иттилоъи рӯшану муфассале додааст.

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар китобаш менависад: “Таъсиси чунин як ниҳоди муштаракро бо номи Шӯрои Оштии Миллӣ раҳбарияти мухолифини тоҷик ҳанӯз 7 – уми декабри соли 1993, расо дар рӯзи яксолагии ҳиҷрати маҷбурӣ ба Афғонистон ва чаҳор моҳ қабл аз оғози музокироти байни тоҷикон дар пешниҳодҳои худ, ки низ дар рӯзномаҳои дар табъид нашршавандаи «Садои муҷоҳид» ва «Чароғи рӯз» ба табъ расида буд, дар қатори дигар таклифҳои умдаи хеш ироа намуд”.

Аммо ин масъала на дар даври аввали гуфтушунидҳои ҳайатҳои музокиракунанда (5-19 апрели 1994) дар Маскав, ки асосан дар он танҳо масъалаи рӯзномаи музокироти байни тоҷикон мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, на дар даври дуюми музокирот (аз 18 то 26 июни соли 1994) ва мулоқоти машваратии ҳайатҳои музокиракунанда (аз 12 то 17 сентябри соли 1994), ки дар Теҳрон барпо гардиданд, мавриди баррасӣ қарор нагирифт.

Дар даври сеюми музокироти байни тоҷикон, ки аз 20 октябр то 1 – уми ноябри соли 1994 дар Исломобод шуда гузашт, низ ҷонибҳо ҳалли ин масъаларо аз мадди назар дур монданд. Зеро баҳси масоили таъсиси Комиссияи муштарак оид ба татбиқи Созишнома дар бораи оташбаси муваққатӣ ва табодули усарои низомӣ бо маҳбусони сиёсӣ пеш омад ва бадин сурат мубоҳиса дар атрофи масъалаи зарурати таъсиси Шӯрои оштии миллӣ дар ин даври музокирот низ ба миён гузошта нашуд.

Баъдан Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар як баёнияи худ, ки 21 январи соли 1995 пахш шуд, бори дигар бар зарурати таъсиси Шӯрои оштии миллӣ таъкид кардааст.

Дар ин миён Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, муовини аввали раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, авоили моҳи апрели соли 1995 мулоқоте бо Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон, дар Тошканд анҷом дод. Оқои Каримов он замон пешниҳод кардааст, ки як Анҷумани машваратии халқҳои Тоҷикистон баргузор шавад, ки дар он намояндаҳои тамоми ақшори ҷомеа, ҷамъиятҳои миллӣ, аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятиву динӣ ширкат варзанд ва ба он Форум ё Конгресс барои ҳалли масоили мавҷудаи раванди Сулҳи тоҷикон салоҳиятҳои муайяне дода мешуд.

Баргузории чунин як Форум – Конгресси машваратии халқҳои Тоҷикистон бо як омодагии ҳамаҷониба, бешубҳа, метавонист дар раванди Сулҳи тоҷикон нақши мусбате бозад. Аз ин рӯ ин пешниҳод аз тарафи мухолифин қобили қабул дониста шуд ва раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин онро дар мулоқоти худ бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 19 июли соли 1995 дар Теҳрон доир шуд, матраҳ кардааст.

Моҳи августи соли 1995 аз ҷониби Сайид Абуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, протокол «Дар бораи усули барқарори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид, ки он аз ҳалли масъалаи Форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон низ ёдовар шудааст. Ин санад ҳамчунин таъсиси «Комиссия оид ба мушоҳида ва назорати аз ҳарду тараф риъоя шудани созишномаи умумӣ»-ро дар назар дошт.

Дар даври панҷуми музокирот ҷониби мухолифин дар баробари таъсиси Форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон зарурати ташкили Шӯрои Оштии Миллиро бо қотеъият ба миён гузошт. Зеро ба қавли ҷониби иттиҳоди нерӯҳои мухолифин агарчи Форуми машваратӣ доираи васеъе аз аҳли ҷомеъаро ба таҳкими раванди сулҳ ҷалб намояд ҳам, вале тибқи тарҳҳои пешниҳодии ҳарду ҷониб, тасмимоти он ҷанбаи машваратӣ доштанд ва наметавонистанд ҳукми қонунро бигиранд ва бечуну чаро иҷро шаванд.

Шӯрои Оштии Миллӣ аз нигоҳи мухолифин чӣ гуна бояд мебуд?

Бино бар ин дар пешниҳодоти иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар бораи ҳалли масоили сиёсӣ омада буд, ки Шӯрои Оштии Миллии доимоамалкунандае иборат аз 60 нафар ташкил карда шавад: 25 нафарӣ аз ҳарду ҷониби даргир ва 10 нафари дигар аз ҳисоби ҷамъиятҳои миллӣ. Тибқи ин пешниҳод раёсати Шӯроро бояд намояндаи ИНОТ ба ӯҳда мегирифт ва дар давраи гузариш, яъне давраи татбиқи Созишноми умумии Сулҳ, Президент ва ин Шӯрои Оштии Миллӣ ҳокимияти олии ҳам қонунбарор ва ҳам иҷроия ба ҳисоб мерафт. Маҷлиси Олии Тоҷикистон бояд мунҳал мешуд. Вале ҷониби ҳукумат ба ҳеҷ ваҷҳ ба таъсиси Шӯрои Оштии Миллӣ дар кадом шакле, ки набошад, розӣ набуд.

Маҳз барои ҳамин ҳам даври панҷуми музокирот яке аз даврҳои хеле ҳам мушкил, пурбаҳсу мунозира ва хеле ҳам тӯлонӣ буд. Он дар се марҳила гузашт ва дар маҷмӯъ 63 рӯз идома дошт. Баъди анҷоми марҳилаи дуюми даври панҷуми музокирот, ки дар масъалаи таъсиси Шӯрои Оштии Миллӣ ба ягон пешрафте ноил нашуд, дар Душанбе иҷлосияи махсуси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар иҷлосия гузориши ҳайати ҳукуматӣ дар гуфтушуниди байни тоҷикон шунида шуд. Азҷумла, пешниҳоди мухолифин дар бораи таъсиси як Шӯрои Оштии Миллӣ баҳри аз буҳрони сиёсиву низомӣ баровардани кишвар матраҳ гардид. Вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ишғолкардаи ҳайати ҳукуматиро дар музокироти байни тоҷикон оиди ин масъала дастгирӣ намуданд.

Ин масъала бори дигар ба таври мушаххас танҳо дар мулоқоти севуми раиси ҷумҳурӣ ва раҳбари мухолифон дар моҳи декабри соли 1996 дар шимоли Афғонистон матраҳ шуд. Дар изҳороти муштараки хеш ин ду раҳбар аввалин бор эълон доштанд, ки дар мулоқоти навбатии қарибулвуқӯъи худ дар шаҳри Маскав аз таъсиси Комиссияи Оштии Миллӣ дарак хоҳанд дод.

Ба ин тартиб, дар ҷараёни музокирот нахустин бор аз истилоҳи «Комиссияи Оштии Миллӣ» ба ҷои «Форуми машваратии халқҳои Тоҷикистон», «Шӯрои оштии миллӣ» дар асноди тасвибшуда дар Хустдеҳи Афғонистон истифода шудааст.

Дере нагузашт, ки 23 декабри соли 1996 дар мулоқоти навбатии худ роҳбарони ду ҷониб Созишномаеро ба тасвиб расонданд, ки дар он аз ҷумла омада буд: «Бо дарназардошти он ки бо имзои ҳамин Созишнома дар роҳи Сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳилаи сифатан наве фаро мерасад, қарори сиёсӣ қабул карданд, ки барои ҳамин давраи гузариш Комисияи Оштии Миллӣ таъсис намоянд. Раиси ин комиссия намояндаи Иттиҳоди мухолифини тоҷик таъйин мешавад».

Сипас дар ҳамин мулоқот аз ҷониби ду раҳбар Протокол дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи Оштии Миллӣ ба имзо расид.

21 феврали соли 1997 дар мулоқоти раҳбарони ду ҷониб дар шаҳри Машҳади Эрон прутукули изофӣ ба Прутукул «Дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи Оштии Миллӣ» ва низомномаи ин комиссия тасвиб шуд.

Ба ин тартиб, чаҳор санади зерин – Созишномаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Раҳбари мухолифон дар Маскав аз 23 декабри соли 1996, прутукул дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи Оштии Миллӣ, прутукули илҳоқӣ ба ин санад ва Низомномаи Комиссияи Оштии Миллӣ заминаи ҳуқуқии мавҷудият ва фаъолияти Комиссияи Оштии Миллиро фароҳам сохтааст.

Вазифаҳои Комиссиюни оштии миллӣ

Ҳамин тариқ ваколату салоҳиятҳои КОМ тибқи он чор санади дар боло овардашуда маълум буданд. Вале кадом вазифаҳоро бояд анҷом медод?

Иҷрои созишномаҳое, ки дар ҷараёни ҳашт даври музокироти сулҳ байни ҳайатҳо, ҳафт вохӯрӣ дар сатҳои олӣ миёни роҳбарони сулҳкунанда, се даври машваратӣ миёни ҳайатҳои музокиракунанда ва даври хотимавии он дар Маскав охири июни соли 1997 таҳти сарпарастии СММ ҳосил шудаанд.

– Ба намояндагони ИНОТ пешниҳод кардани 30 дар сад ҷойҳо дар сохторҳои ҳокимияти иҷроия (вазоратҳо, идораҳо, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ);

-бозгардондани ихтиёрӣ, обрӯмандонаи тамоми гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, бо хонаву дар ҷои кор таъмин намудани онҳо

-барҳам додан, халъи силоҳ намудан ва реинтегратсияи дастаҳои мусаллаҳи мухолифин ба сохторҳои низомии давлатӣ (масалан Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дихилӣ, Вазорати амният, ҳамчунин дигар сохторҳои низомии давлатӣ);

-азнавсозии сохторҳои низомии ҳукуматӣ

-ворид кардани ислоҳот ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи амалкунанд;

-ворид намудани ислоҳот ва иловаҳо ба Қонун дар бораи интихобот, Қонун дар бораи аҳзоби сиёсӣ (ки фаъолияти аҳзоби манъшудаи оппозитсионӣ ва дигар аҳзобу ҷунбишҳоро расмӣ мегардонд), Қонун дар бораи воситаҳои ахбори умум (ки ба фаъолияти озодона ва воқеъбинонаи и ВАО имкон медод);

-Мубодилаи пурраи асирони ҳарбӣ ва маҳбусон;

-қабули Қонун дар бораи афви умумӣ ва Санади ҳамдигарбахшӣ;

-ташкили Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ бо дохил намудани 25 дар сади намояндагони ИНОТ ба таркиби он;

-таъйини санаи интихоботи нави парламентӣ

Ин ниҳод 26 нафар аъзо дошт. Аз ҳарду ҷониб 13 нафарӣ. Раиси он Сайиид Абдуллоҳи Нурӣ ва муъовинаш Абдулмаҷид Достиев буд. Фаъолияти он дар чор зеркомиссия: сиёсӣ, ҳуқуқӣ, низомӣ ва муҳоҷирин ҳар кадом шашнафарӣ – сенафарӣ аз ҳарду ҷониб ҷараён дошт. Раҳбарии зеркомиссияҳои сиёсӣ ва муҳоҷиринро намояндагони ҳукумат ва зеркомиссияҳои ҳуқуқӣ ва низомиро намояндагони мухолифин ба уҳда доштанд. Ба КОМ барои иҷрои вазифаҳояш аз 12 то 18 моҳ муҳлат дода шуда буд. Аммо КОМ тавонист вазифаи худро бо сабабҳои гуногун дар зарфи 2 солу 8 моҳу 25 рӯз ба иҷро бирасонад.

Давом дорад…

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад