Нақши Раббонӣ ва Масъуд дар эҷоди сулҳ дар Тоҷикистон

27-уми июни имсол 22 сол аз имзои тавофуқномае, ки мунҷар ба поён додан дар ҷанги дохилӣ шуд, мегузарад.

Дар поён додан ба ҷанги дохилии панҷсола (1992-1997) ва барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон раҳбарони бисёре аз кишварҳои ҳамсоя ва дуру наздик ва созмонҳои байналмилалӣ саҳми арзандае доштанд. Аз миёни раҳбарони ин кишварҳо раҳбарони Афғонистон беш аз дигарон дар раванди музокироти сулҳ байни тоҷикон таъсиргузор буданд.

Раҳбарони Эрон, Покистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон низ дар гуфтугӯҳои сулҳ байни тоҷикон дар баъзе давраҳо мустақиман ширкат карда ва таъсири мусбате дар ин раванд бар ҷой гузоштанд.

Ин амре табиӣ аст, ки Афғонистон саҳми бештаре дошт зеро аз як тараф агар қисмати асосии раҳбарони мухолифин ҳамроҳ бо беш аз 100 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояи Афғонистон паноҳанда шуда буданд, аз тарафе дигар аз ҳамин кишвар нерӯҳои мусаллаҳи мухолифин барои идомаи ҷангҳо вориди бахшҳои марзии Тоҷикистон шуда ва бо нерӯҳои давлатӣ даргир мешуданд.

Иртибот бо ҳар ду ҷониб

Дар бахше аз солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон, дар Афғонистон Устод Бурҳонуддин Раббонӣ раисҷмҳури вақт ва Аҳмадшоҳ Масъуд вазири дифоъ буданд. Ба бахти миллати тоҷик ин ҳар ду сиёсатмадор бо ҳар ду ҷониби даргир, яъне ҳам бо ҳукумат ва ҳам бо мухолифини давлати Тоҷикистон, равобити хубе доштанд.

Аввалин сафари хориҷии Бурҳонуддин Раббонӣ ба унвони раисҷумҳури Афғонистон ба Тоҷикистон буд. Дар айни замон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аввалин ва ҳатто мешавад гуфт, ки ягона раҳбари давлатӣ буд, ки баъд аз омадани Бурҳонуддини Раббонӣ бар сари қудрат ба Афғонистон сафари расмӣ анҷом дод.

Дар ин сафарҳо албатта мавзӯъ ҳаллу фасли қазияи Тоҷикистон байни оқои Раҳмон ва ин ду раҳбари Афғонистон ҳамеша мавриди баҳс буд. Чуноне, ки дар мусоҳибаам баъдҳо аз устод Раббонӣ иттилоъ ёфтам ӯ дар мулоқотҳояш бо раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамеша бар зарурати ҳалли мусолиматомези ихтилофи дохилии ин кишвар таъкид меварзидааст.

Аз сӯи дигар, раҳбарони вақти давлати Афғонистон, махсусан Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд, ба паноҳандагони тоҷик, ки асосан дар шаҳрҳои Мазоршариф, Қундуз ва Толиқон дар хаймаҳо ба сар мебурданд, аз ҳама ҷиҳат кӯмак мекарданд ва аз ин рӯ дар назди муҳоҷирон обрӯ ва эътибори баланде доштанд.

Ин ду сиёсатмадор аз ҳамон рӯзҳои аввали муҳоҷирати паноҳҷӯёни тоҷик ба Афғонистон дар дидорҳо бо раҳбарони онҳо, ба хусус бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (р), раҳбари ИНОТ, ҳамеша мавзӯъи ҳалли мусолиматомези масъалаи Тоҷикистонро матраҳ мекарданд.

Кундии раванди музокирот

Оқоён Раббонӣ ва Масъуд танҳо ба сухан иктифо намекарданд. Гуфтугӯҳои сулҳ байни тоҷикон агарчи расман бо миёнҷигарии СММ рӯзи 5-уми апрели соли 1994 дар шаҳри Маскав шурӯъ шуд, аммо раванди он кунд буд.

Гуфтугӯҳои ҳайъатҳои музокиракунанда на дар даври аввал дар Маскав ва на дар давраҳои дуввум ва севвум, ки дар Теҳрон ва Исломобод анҷом шуд, чандон пешрафти чашмгире надошт. Ҳарчанд ҳайъатҳои музокиракунандаи ҳар ду ҷониб аз моҳи апрели соли 1994 то моҳи апрели соли 1995 корҳои зиёде анҷом доданд.

Барои мисол, чорчӯби замонии музокиротро таъйин карданд, аснод ва протоколҳои зиёдеро ба имзо расонданд, ки муҳиммтарини онҳо “Созишнома дар бораи оташбаси муваққат ва қатъи дигар амалиёти душманона дар сарҳадди Тоҷикистон ва Афғонистон ва дохили кишвар дар давраи музокирот” буд. Комиссияи муштараки назорат бар оташбас ҳам таъсис шуд.

Як идда сарбозони асир бо маҳбусони сиёсӣ мубодила шуданд; вале мутаассифона, музокирот ба кундӣ пеш мерафт; ва иваз шудани раҳбарон дар муддатзамони кӯтоҳи ҳайъатҳои музокиракунанда низ ба пешрафти кор кӯмаке намекард.

Ба ҳама маълум буд, ки ҳайъатҳои музокиракунанда қабл аз гуфтугӯҳо маслиҳат ва машваратҳои раҳбарони худро дар назар мегирифтанд ва тибқи ҳидояти онҳо амал мекарданд; вале дар лаҳзаҳои хеле сарнавиштсоз дар ҳалли муаммо ё мушкилӣ боз ҳам оҷиз мемонданд ва зарурати машварат бо раҳбаронро шадидан эҳсос мекарданд.

Ҳамин буд, ки ҷавониби музокиракунанда ҳатто дар изҳороти муштараки худ, ки баъди анҷоми машварати Маскав дар 26 апрели соли 1995 тасвиб шуд, бар зарурати баргузории ҳарчи зудтари мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари мухолифин таъкид мекарданд.

Мулоқоти Кобул

Дар ҳамин лаҳазоти душвор буд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аз тариқи расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ эълом кард, ки омодааст бо Сайид Абдуллоҳ Нурӣ, раҳбари ИНОТ, барои ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон дар ҳар куҷое, ки бошад, дидор кунад.

Он замон Бурҳонуддин Раббонӣ, раисҷумҳури вақти Афғонистон, кишварашро ба ҳайси миёнҷӣ пешниҳод кард ва аз раҳбарони дутарафи даргир хост, ки шаҳри Кобул, пойтахти кишварашро, ҷойи мулоқоти нахусти худ таъйин кунанд. Раҳбарони ҳар ду тараф ин пешниҳоди устод Раббониро бо иштиёқ пазируфтанд.

Ба ин тартиб, дидорҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари ИНОТ, гоҳ рӯдаррӯ ва ҷудогона ва гоҳ бо мушорикати баъзе аз шахсиятҳо, ки онҳоро ҳамроҳӣ мекарданд дар кохи риёсатҷумҳурии Афғонистон се рӯз идома дошт.

Рӯзи ҷумъа 19 майи сол 1995 пас аз дидор ва гуфтугӯи ахирашон, ҳар ду раҳбар дар як нишасти хабарии муштарак зоҳир шуданд ва ба саволҳои хабарнигорон посух доданд. Ба назар мерасид, ки ҳар ду тараф аз натоиҷи гуфтугӯҳо розианд.

Оқои Нурӣ ба хабарнигорон гуфт: “Мулоқоти Кобул пуле аст ба сӯи тафоҳум. Дар симои Эмомалӣ Раҳмон раҳбареро мебинам, ки ҳақиқатан ҳам барои халқ ва кишвараш сулҳ ва субот, оромӣ ва сабот мехоҳад.»

Эмомалӣ Раҳмон низ натоиҷи мулоқоти Кобулро судманд арзёби кард ва онро “қадами устуворе дар роҳи сулҳ” номид. Ӯ афзуд: “Ҷаноби домулло Абдуллоҳи Нуриро ҳамчун шахси дилсӯзи миллат шинохтам. Бо ӯ мо, иншоаллоҳ, ба сулҳи пойдор мерасем.”

Дидор дар Хустде

Ба бовари бархе аз таҳлилгарони сиёсӣ, муҳимтарин ва бузургтарин дастоварди ин мулоқот он буд, ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи сӯҳбатҳои тӯлони ба якдигар эътимод ва бовар карданд.

Ба ин тартиб, мулоқоти Кобул дар сатҳи олӣ ба ғайр аз тамдиди мӯҳлати эътибори тавофуқи оташбас ва нашри изҳороти муштарак мавриди муҳимми дигар яъне эътимод ба пирӯзии ниҳоии раванди сулҳ байн тоҷиконро ҳам ба ҳамроҳ дошт.

Устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд бори дигар мизбони мулоқоти рӯдаррӯи ин ду раҳбари тарафҳои сулҳкунандаи Тоҷикистон буданд. Ин бор мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Афғонистон на дар Кобул, балки дар як гӯшаи кӯҳистонии дурдсте бо номи Хустде ба таърихи 11 декабри соли 1996 анҷом шуд.

Далелаш ин буд, ки шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, дар охирҳои сентябри соли 1996 ба дасти гурӯҳи Толибон суқут карда буд ва ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ маҷбур ба ақибнишинӣ ба манотиқи амнтаре шуда буд.

Дар чунин шароити душвор, ки ҳар лаҳза ҳавопаймоҳои ҷангии гурӯҳи Толибон метавонистанд маҳалли мулоқотро бомбаборон кунанд ва ё гурӯҳҳои террористии вобаста ба онҳо даст ба ҳамлаҳои марговар бизананд, баргузори чунин мулоқоти сарнавиштсоз барои тоҷикон, кори чандон осоне набуд; вале Бурҳонуддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд аз ӯҳдаи мизбонии чунин мулоқоти судманде баромаданд. Амнияти баргузори ин мулоқот, ки дар он намояндагони СММ низ ширкат доштанд, дар сатҳи олӣ таъмин шуд.

Ба илова, ин ду раҳбари Афғонистон дар мулоқотҳои худ бо раҳбарони тарафҳои сулҳи Тоҷикистон тавонистанд онҳоро мутақоид кунанд, ки танҳо роҳи наҷоти миллат аз вартаи ҳалокате, ки дар пеши рӯ дорад, ҳамин имзои тавофуқномаи сулҳ аст.

Дар раванди гуфтугӯҳои сулҳи Тоҷикистон, дидор дар Хустде марҳалаи таъйин кунандае ба шумор меравад.

Дар ҳаминҷо буд, ки тарҳи сулҳи тоҷикон таҳия шуд ва шаш моҳ баъд дар Маскав расман аз ҷониби раҳбарони давлат ва мухолифин ва дар ҳузури намояндагони созмонҳо ва кишварҳои миёнҷӣ имзо шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад