Шахсияти марҳум устод Нурӣ дар баёни дигарон

Имрӯз 27 июни 2019 аст. 22 сол пеш дар таърихи 27/6/1997 баъд аз чанд давра музокира миёни ИНОТ ва ҳукумати ҶТ саранҷом дар Маскав созишномаи Сулҳ ва оштии миллӣ бо ҳузур ва назорати СММ ва кишварҳои минтақаӣ ба имзо расид. Дар ин сулҳ ва истиқрори он шахсиятҳои зиёде саҳми муҳим доштанд. Яке аз ин шахсиятҳои барҷаста ва таъсиргузор марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ(рҳ) раҳбари ҲНИТ ва ИНОТ буд. Агарчӣ бархе ҳамвора саъю талош карда ва мекунанд, ки фақат худро ё як шахсро қаҳрамони сулҳ муаррифӣ кунанд, вале саҳифаҳои таърихи истиқлоли ҶТ ва ёду хотираи тоҷикону Тоҷикистониён ва афроди огоҳи ҷаҳон саҳму нақши марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ(рҳ)-ро дар худ нақш бастаанд ва касе тавони нодида гирифтани онро надорад. Марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ(рҳ) шахсияти барҷастаи исломӣ ва андешманду муслиҳи давраи муосир дар минтақа ва сатҳи ҷаҳон шинохта шудааст. Маҳдуд кардани ишон ба ҷуғрофиё ё ҷараёни мушаххас ва нодида гирифтани таъсиргузории ишон фаротар аз он зулм ва беинсофии бузург аст.
Дар бораи шахсияти барҷастаи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ(рҳ) афроди зиёде аз мақомоту донишмандон ва шогирдони эшон сӯҳбатҳое кардаанд ва ҳар кадом ба яке аз вижагиҳои шахсиятии эшон ишора намудаанд, ки метавонад дар шинохти ишон муфид бошад. Инак намунае аз назару дидгоҳи бархе аз чеҳраҳо ва шахсиятҳои барҷастаро дар бораи марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ(рҳ) тақдими хонандагон менамоем.
1. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии ҶИЭ дар бораи шахсияти марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ(рҳ) мефармояд: «Ман дар чеҳраи ин мард салобат ва тақворо мебинам, ки дар дигар раҳбарони наҳзатҳои ҷаҳонӣ надидаам ва ӯ аз дигарон фарқ дорад». Нақл аст, ки ҳаргоҳ марҳум устод ба дидори оятуллоҳ Хоманаӣ мерафт бо ҷумлаи “Марҳабо, эй зуррияи тайиба” истиқбол мешуд 1.
2. Аҳмадшоҳи Масъуд мубориз ва қаҳрамони саҳнаи ҷиҳоди Афғонистон дар бораи эшон мегӯяд: «Устод Нурӣ неъмати худодод барои тоҷикон аст»2 .
3. Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз раҳбарони ҲНИТ ва аз наздикону шогирдони ишон мегӯяд: «Воқеан ҳам ҳар рӯз ва ҳар соати умри ин шахсияти бузурги динӣ ва сиёсии ҷаҳон -марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ – пурбаракат буд. Ин абармард то лаҳзаҳои охирин дар хидмати дини илоҳӣ умрашро сарф кард. Ҷои ифтихор аст, ки тавонист дар ин муддати кӯтоҳ даҳҳо ҳазор ҷавонро тарбият карда ба камол расонад. Бешак устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ муҷаддиди аср буд. Шахсияте буд, ки дар Мовароуннаҳр Исломи нобро ба маънои воқеӣ ва ба ҳамаи абъодаш – бо маънавиёт, аҳкому шариат ва сиёсаташ – дубора эҳё кард… Воқеан ҳам устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ тавонист ҷавонони равшанфикр ва таҳсилкардаро атрофаш ҷамъ оварад ва ин наҳзатро таъсис кунанд. Ин наҳзат, ки имрӯз дар қофилаи наҳзати ҷаҳонӣ пайваста аст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ низ онро эътироф мекунад »3
4. Ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ раиси ҲНИТ дар бора шахсияти эшон мегӯяд: «Устоди зиндаёд Сайид Абдуллоҳи Нурӣ барҳақ яке аз шахсиятҳои нодире буд, ки номи ӯ дар таърихи бузургони ҷомеаи башарӣ ба сабт расидааст. Партави ҷанбаҳои гуногуни шахсияти ӯ тамоми паҳнои зиндагии миллати тоҷикро фаро гирифта, роҳи такомули маънавӣ ва ҳаракат ба сӯи абадиятро ба рӯи он боз намудааст» 4
5. Домулло Маъруфҷон роҷеъ ба шахсияти устод мегӯяд: Ҷаноби устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ як шахсияти барҷаста дар таърихи миллати мусулмони тоҷик мебошад. Дар шахсияти эшон сифатҳоеро метавон мушоҳида кард, ки ҷамъ шудани ин сифот дар як шахс хеле нодир ба назар мерасад… Эшон як шахсе мудир, мудаббир, шуҷоъ, замоншинос, сиёсатмадор ва дар ниҳоят зоҳид ва парҳезгор мебошад… 5
6. Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ фарзанди Садри Зиё аз раҳбарони ҷунбиши Маорифпарварони Бухоро дар бораи шахсияти устод мефармояд: « Сайид Абдуллоҳи Нуриро ба сифати яке аз шахсиятҳои барҷастаи қарни бист дар Тоҷикистон мешиносем. Дар таърихи тоҷикон ба вижаи тоҷикони Вароруд (Мовароуннаҳр) дар охирҳои қарни бист фаъолияти мазҳабӣ ва иҷтимоии ҷаноби Сайид Абдуллоҳи Нурӣ хеле аҳамияти калон пайдо кард. Аввалан, барои он ки дар Тоҷикистон ва дар ҷомеаи мо решаҳои дини мубини Ислом устувор шавад ва дар ин самт фаъолияти эшон аҳамияти махсус дошт. (Сониян) барои муайян шудани сарнавишти таърихи мардуми тоҷик фаъолияти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аҳамияти вижа дорад. Дар роҳи мубориза барои сулҳу оштӣ, ке чанд сол идома дошт гуфтугӯ ва музокираҳо нақши ҷаноби Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳамеша мусбат буд… Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳамчун шахси барҷастатарини таърихи навини халқи тоҷик боқӣ мемонад»6 .
7. Профессор Иброҳим Усмон аз муаррихин ва пажӯҳишгарони ҳавзаи таърихи муосири Тоҷикистон перомуни шахсияти устод мегӯяд: «Воқеан Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар давраи бо ҳам наздикшавии ҳукумат ва опозитсия яъне дар давраи музокироти сулҳи тоҷикон ва фаъолият дар Комиссияи оштии миллӣ ҳамчун як шахси ватандӯст ва инсондӯст амал карданд. Ҳар ончӣ, ки дар қудрати эшон буд, он кас равона карданд, ки маҳз дар ватанамон сулҳ ба вуҷуд ояд… Ман гумом мекунам, ки дар таърихи сулҳомези Тоҷикистон, дар таърихи Тоҷикистони навин ин ном ба сифати номи неке, ки барои миллат некӣ мехост, боқӣ мемонад»7 .

Пайнавиштҳо:
1. Ёфӯчӣ Мирзо Ёрбек, ҲНИТ: сарварон дар ҳадиси дигарон, нашри Муаттар, соли 2013, чопи аввал саҳ 78
2. Навид Муҳаммадӣ, Мелоди Нур (Зиндагиномаи Сайид Абдуллоҳи Нурӣ роҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон), саҳ 27
3. Мелоди Нур, саҳ 26
4. ҲНИТ: сарварон дар ҳадиси дигарон, саҳ 80
5. ҲНИТ: сарварон дар ҳадиси дигарон, саҳ 13
6. Мулло Маъруф, Ҳамонро дидам аҳли истиқомат, ки бошад дар сари кӯи маломат, саҳ 114 ва 115
7. ҲНИТ: сарварон дар ҳадиси дигарон, саҳ 78
8. ҲНИТ: сарварон дар ҳадиси дигарон, саҳ 79

Устоди азиз! 
Тақдим бар рӯҳи устоди азиз марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ раҳбари фақиди Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва марди илму амал (Раҳматуллоҳи алайҳ)

Раҳмати Ҳақ бар равонат бод, устоди азиз!
Рӯҳи ту бо лутфи Эзад шод, устоди азиз!

Нури шамъи маҳфили аҳли ҳақиқат доимо
Ҳаст ҷоят дар дилу дар ёд, устоди азиз!

Иттиҳоду иззати поянда баҳри муслимин
Пешаву андешаат бунёд, устоди азиз!

Меҳри ҳақ бомаърифат ирси падарро доштӣ
Раҳмати ҳақ модареро зод устоди азиз.

Дасти сулҳу оштӣ доду муҳаббат-дӯстӣ
Баҳри дину халқи худ бинҳод, устоди азиз.

Касби ризвони Худову дини ҳақ роҳи ту буд
То қиёмат роҳи ту обод, устоди азиз!

Он ки бо ишқи Худо тай кард роҳи зиндагӣ
Ҷовидон монад ба некӣ ёд устоди азиз!

Аҳли ҳақро ҷумлаи соҳибдилон ёд оваранд
Фирқаи ботил шавад барбод, устоди азиз!

Соҳибназар

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад