Таҷлил аз рӯзи “Ваҳдати миллӣ” дар Тоҷикистон

дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо зикри чигунагии дастёбӣ ба сулҳу оромиш дар кишвар аз дастовардҳои ин кишвар низ таи солҳои пас аз имзои созишномаи сулҳ гуфт.

Дар ин маросим ҳунармандон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҳузур доштанд ва ба иҷрои барномаҳои ҷашнӣ пардохтанд.

Ҷашни рӯзи Ваҳдати миллӣ имрӯз панҷшанбе 27 июн дар шаҳри Душанбе ҳам барпо мешавад ва барномаҳои мухталифе ба ин муносибат дар парки Айнӣ ва дар канори Наврӯзгоҳ баргузор хоҳад шуд.

27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Эмомадӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Абдуллоҳи Нурӣ раҳбари Иттиҳоди мухолифони тоҷик тавофуқномаи сулҳро имзо карданд.

Имзои ин санад, ки бо миёнҷигарии Русия ва Эрон сурат гирифт мунҷар ба хотимаи ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон шуд ҷанге, ки аз соли 1992 то 1997 ҳудуди 150 ҳазор кушта ва як миллион овора бар ҷой гузошта буд.

Хабаргузории ТоҷикПресс фарорасидани солрӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистонро ба ҳамаи тоҷикон дар саросари ҷаҳон табрик мегуяд ва барои онҳо истиқлоле пойдор ва иззату сарбаландӣ орзӯ мекунад

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад