Мо беш аз ҳадд ба самти давлати Тоҷикистон рафтем

Дуктур Сайид Расули Мӯсавӣ, сафири собиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Iras, гуфт: “Ба унвони шахсе, ки ҳам дар музокироти сулҳ (сулҳи Тоҷикистон) будам ва ҳам ба ҳамроҳи сафири Русия дар камиссияи назорат бар сулҳ узвият доштам, таъкид мекунам, ки ба ҳеч унвон баҳси саҳлангорӣ дар баробари Русия матраҳ набуд, аммо саҳлангорӣ дар баробари давлати Тоҷикистон бисёр буд. Эрон ҳамеша опозисиюнро ташвиқ ба канор омадан бо давлати Тоҷикистон мекард”.

Вай афзуд: “Ин иштибоҳ рух дод, ки баъд аз музокироти сулҳ, Эрон беш аз ҳадд ба самти давлати Тоҷикистон рафт ва ба навъе Ҳизби наҳзати исломиро танҳо гузошт”.

Машрӯҳи мусоҳибаи Iras бо Сайид Расули Мӯсавӣ, сафири собиқи Эрон дар Тоҷикистон:

Ҳамон тавр ки медонед, аз сентябри 2015 ба дунболи иқдоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъи Тоҷикистон дар ҳамла ба бархе аз маконҳои давлатӣ, ки давлати Тоҷикистон онро кудато номид, раванде дар ин кишвар оғоз шуда, ки ба назар мерасад бар хилофи паймони сулҳи 1996-и Тоҷикистон аст. Таҳлили шумо аз ин раванд чист?

— Масъалаи Тоҷикистон ҳам содда аст ва ҳам печида. Агар касе аз ман бипурсад, ки маънои саҳлу мумтанеъ чист, мегӯям сиёсат дар Тоҷикистон. Ин кишвар дар торихи худ бо ҳаводиси мухталифе рӯ ба рӯ буда ва як ҷанги дохилии бузург ба худ дида ва сулҳи гаронқимате ба даст овардааст. Вале ҳамчунон бо мушкилоте гиребонгир аст.

Ба назар мерасад, касоне ки тасмимсозони Тоҷикистон ҳастанд, хеле ба паёмадҳои тасмимоти худ намеандешанд ва бештар ба ҳаводиси ҷорӣ таваҷҷӯҳ доранд, то ба паёмадҳои он. Дар ҷанги дохилии Тоҷикистон беш аз 60 ҳазор нафар кушта шуданд. Бисёре аз рустоҳо ва шаҳрҳо тахриб шуданд. Аммо бо дурандешии тарафайни даргир, чӣ давлат ва чӣ опозисиюн ва бо миёнҷигарии Эрон ва Русия, сулҳе барои Тоҷикистон ба армуғон оварда шуд, ки суботро ба ин кишвар бозгардонд.

Бар асоси ин тавофуқ, тағйироте дар қонуни асосӣ дода шуд, як давлати оштии миллӣ шакл гирифт ва муҳимтарин ҳизби мухолиф, ки Ҳизби наҳзати исломӣ буд, бо таҳвили аслиҳаҳои худ, вориди давлат шуд. Бар асоси тасмими Ҳизби наҳзати исломӣ, бахше аз нерӯҳои ҳизб, ки мусаллаҳ буданд, вориди сохтори низомии давлатӣ шуданд ва мутаъаҳҳид шуданд, ки фаъолияти сиёсӣ накунанд ва бахше аз нерӯҳо, ки ба кори сиёсӣ тамоюл доштанд, аслиҳаро канор гузоштанд ва вориди сохтори сиёсӣ шуданд.

Аммо дар даруни давлат ба назар мерасад машваратҳое, ки ба раҳбарии низоми сиёсӣ дода мешавад, дар ростои эҷоди як давлати мутамаркиз аст. Пеш аз ин, баъд аз тавофуқи сулҳ, опозисиюн аз тайфи гуногуне аз аҳзоб ташкил мешуд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ танҳо яке аз онҳо ва албатта қавитарини онҳо буд. Аммо ба мурур аҳзоби кучактари опозисиюн ҳазф шуданд ва дар ниҳоят низ кор ба ҳазфи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки бузургтарин нерӯи қонунии опозисиюн буд расид. То пеш аз ин, ҳизб фаъолияти қонунии худро дошт, ҳамоишҳои худро баргузор мекард, нашрия дошт ва дар интихоботи порлумонӣ ва риёсати ҷумҳурӣ ширкат мекард. Аммо дар маҷмӯъ саҳми камтар аз зарфият ва путонсиели воқеии худ дошт. Гоҳе як ё чанд намоянда ба порлумон мефиристод. Вале аз соли гузашта, ба ҳар далеле дар мазонни иттиҳом қарор гирифт ва замина барои таътилии Ҳизби наҳзати исломӣ низ фароҳам шуд, дар ҳоле ки фаъолияти ин ҳизб як тазмин барои бақои низоми сиёсии Тоҷикистон буд. Замоне ки кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз даргири мабоҳисе чун инқилобҳои рангӣ, танозуъоти қавмӣ ва мазҳабӣ буданд, вуҷуди як ҳизби исломгарои миёнарав монеъ аз он буд, ки ифротгароён заминаи фаъолият биёбанд. Ба иборати дигар, баста шудани ин даричаи итминон, бо мантиқи ақлонӣ мунтабиқ нест.

Бояд ин мавзӯъро аз чанд ҷанба мавриди баррасӣ қарор дод, аммо як ҷанбаи муҳимми он ин аст, ки ба назари шумо оё ба ҳаддиақал қонеъ шудани Ҳизби наҳзати исломӣ ин заминаро фароҳам накард, ки давлат бо тасбити мавқеият, қадам ба қадам ба сӯйи ҳазфи ин ҳизб биравад?

— На, ин тавр нест. Ҳизби наҳзати исломӣ аз мавозеъи усулии худ ақибнишинӣ намекард. Ин ҳизб тасмим гирифта буд, ки дар чорчӯби қонун фаъолият кунад. Масалан, вақте лоиҳаи қонуне монанди ҳиҷоб ба порлумон биёяд, ҳизб мухолифати худро эълом мекунад ва дар порлумон сӯҳбат мекунад, аммо ба ҳар далеле, ин лоиҳа тасвиб мешавад ва ба қонуни ҷорӣ табдил мешавад, он гоҳ ин ҳизб муваззаф аст қонунро бипазирад. Ҳизби наҳзати исломӣ низ чунин амал мекард. Бинобар ин, ин корро наметавон ақибнишинии ҳизб қаламдод кард. Ҳизби наҳзати исломӣ мавозеъи усулии худро дар чорчӯби асосномаи ҳизб дорад, аммо ба унвони як ҳизби қонунӣ дар чорчӯби қавонини ҷории он кишвар фаъолият мекунад. Албатта наметавонам бигӯям Ҳизби наҳзати исломӣ мубарро аз иштибоҳ будааст.

Аммо мебинем, ки чун ҳизб ҳамвора дар чорчӯби қонун амал карда, ҳукумат наметавонад ба лиҳози қонунӣ бо он бархӯрд кунад ва лизо иттиҳомоти дигар ба он ворид мекунад. Чунончи соли гузашта ба воситаи иттифоқе, ки дар дохили вазорати дифоъ рух дод, Ҳизби наҳзати исломӣ ба далели иртиботе, ки дар гузашта бо бархе аз ин афрод дошта, муттаҳам шуда ва ғайри қонунӣ эълом мешавад. Дар воқеъ Ҳизби наҳзати исломӣ ба воситаи амалкарди худ тавбех нашуда, балки ба хотири касоне мавриди ҳамла қарор гирифта, ки як рӯзе дар гузашта узви ҳизб буданд.

Каме ақибтар баргардем, ба паймони сулҳи 1996, ки бо миёнҷигарии Эрон ва Русия анҷом шуд, тавофуқ дар чӣ шароите анҷом шуд, ба назар мерасад он замон опозисиюн он қадр қудрат дошт, ки давлатро ба пойи мизи музокира кашонад, аммо чаро ба ҳаддиақалҳо қонеъ шуд?

— Соли 1991 ҷанги дохилии Тоҷикистон оғоз шуд, 1994 оташбас эълом шуд, вале даргириҳо идома дошт, 1995 то 1996 музокира анҷом мешуд ва марҳила ба марҳила дар протоколҳое тавофуқоти сулҳ имзо мешуд, то он ки мувофиқатномаи умумии сулҳ дар июни 1997 ба имзо расид. Аз соли 1997 то 1999 низ давраи иҷро шудани паймонномаи сулҳ буд. Тавофуқномаи умумии сулҳ, ки муттакӣ бар 11 ё 12 санади замима буд, мабоҳиси куллиро дарбар мегирифт, дар бораи ин ки давлати оштии миллӣ бо чӣ мушаххасаҳое шакл бигирад ва дар чӣ муддати даврони гузор ҷойи худро ба як давлати собит бидиҳад. Бар асоси ин тавофуқ, қарор буд 30 дарсад аз мақомҳои иҷроӣ, аз ҷумла чанд вазоратхонаи қудратӣ мисли вазорати дифоъ ва хориҷа дар ихтиёри опозисиюн қарор гирад ва тағйироте низ дар қонуни асосӣ дода шавад. Мувофиқатномаи мутаъодиле буд. Опозисиюн ҳам ба он розӣ шуда буд. Бояд дар назар дошт, ки ба лиҳози замин манотиқи зиёде дар ихтиёри опозисиюн буд, аммо сохтори қудрати сиёсӣ ва пойтахт дар ихтиёри давлат буд. Дар воқеъ опозисиюн дар тавофуқи сулҳ замин ва аслиҳаро дар муқобили мушорикат дар давлат муъомила кард. Пешбинӣ ҳам он буд, ки агар раванди одилона ва озоде дар кишвар барқарор шавад, опозисиюн, ки дар кӯҳу дашт буданд, ба хона бозгарданд. Аммо аз рӯзи аввали иҷрои тавофуқнома, бо тақаллубҳои ҳадафманд мувоҷеҳ шуд. Нерӯҳои хориҷ аз мувофиқатнома дар иҷрои он дахолат карданд. Терурҳое дар ҷомеа шакл гирифт, ки мӯҳраҳои аслии опозисиюнро, ки дар ҷараёни тавофуқнома буданд, аз миён бардошт ва ҳеч гоҳ низ мушаххас нашуд ин терурҳо аз ҷониби чӣ касоне анҷом шуд ва ҳеч додгоҳе низ ташкил нашуд. Агар тасовири баҷомонда аз сулҳ, монанди музокироти Машҳадро нигоҳ кунем, дигар ҳеч кадом аз онҳо нестанд.

Дар баррасии раванди иҷрои паймони сулҳ, бояд нақши миёнҷигаронро ҳам мавриди таҳлил қарор дод. Он замон Эрон барои мутақоъид сохтани опозисиюн, ва Русия барои мутақоъид сохтани ҳукумати Тоҷикистон миёнҷигарӣ мекард, ба назари шумо оё саҳми ҳаддиақалле барои опозисиюн ва ҳамчунин худдориии давлат аз иҷрои он, натиҷаи саҳлангории ҳамешагии Эрон дар баробари Русия набуд?

— На. Ба унвони шахсе, ки ҳам дар музокироти сулҳ будам ва ҳам ба ҳамроҳи сафири Русия, дар комиссияи назорат бар сулҳ узвият доштам, таъкид мекунам ба ҳеч унвон баҳси саҳлангорӣ дар баробари Русия матраҳ набуд, аммо саҳлангорӣ дар баробари давлати Тоҷикистон бисёр буд. Эрон ҳамеша опозисиюнро ташвиқ ба канор омадан бо давлати Тоҷикистон мекард. Мо давлати Тоҷикистонро ҷудои аз ҳавзаи тамаддунии Эрон намедидем ва акнун ҳам намебинем. Мо зимнан худро намояндаи опозисиюни Тоҷикистон намедонистем, балки нигоҳи мо ба мардуми Тоҷикистон буд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳатто давлат бахше аз он буданд. Ҳамон гуна ки донишмандон, адибон ва шоирони Тоҷикистон бисёр ба Эрон алоқаманд ҳастанд, ҳамаи мардуми Тоҷикистон байни давлат ва опозисиюн тақсим нашуда буданд ва мо бояд ба онҳо низ фикр мекардем. Онҳо низ хостаҳое доштанд, аз ҷумла ин ки ба Эрон рафту омад дошта бошанд. Бузургоне дар Тоҷикистон идомаи фарҳанги муштараки мо буданд. Бинобар ин, мавзӯи канор омадан бо Русия матраҳ набуд, балки мавзӯи поён додан ба ҷанг ва бозгардондани оромиш ба ҷомеа ва мардуми Тоҷикистон муҳим буд.

Албатта шояд ин иштибоҳ рух дод, ки баъд аз музокироти сулҳ, Эрон беш аз ҳадд ба самти давлати Тоҷикистон рафт ва ба навъе Ҳизби наҳзати исломиро танҳо гузошт.

— Бар асоси суханони шумо ва оморҳои расмӣ, Эрон кӯмакҳои зиёде ба давлати Тоҷикистон дошта, аммо чаро ин ҳимоятҳо на танҳо кӯмаке ба беҳбуди рафтори давлат бо Ҳизби наҳзати исломӣ надошта, балки ба беҳбуди нигоҳи давлати Тоҷикистон ба Эрон ҳам надошта, камо ин ки мебинем давлати оқои Раҳмон ҳамзамон бо тарҳи иттиҳомҳое алайҳи Ҳизби наҳзати исломӣ, изҳороти тунде алайҳи Эрон дошт. Дар ин росто бархе коршиносон мӯътақиданд, ки ҳатто гаройиши Душанбе ба сӯйи Арабистони Саудӣ — рақиби минтақаии Эрон, навъе бозӣ бо Эрон аст?

— Ман бархе аз ин таҳлилҳоро қабул надорам. Ман робитаи Тоҷикистон бо Арабистонро аз зовияи гаройиши ин кишвар ба рақиби Эрон намебинам. Бархе иттифоқҳо гурезнопазир аст, ки равобити давлатҳо аз ин ҷумла аст. Арабистон хеле моил аст дар Осиёи Миёна фаъолият кунад ва ин фаъолият шомили фаъолият алайҳи Эрон ҳам мешавад. Тоҷикистон ҳам тамоюл дорад аз манобеъи молии Арабистон истифода кунад. Манофеъи кишварҳо давлатҳоро ба ҳам наздик мекунад, аммо бояд бибинем чӣ қадр аз равобити давлатҳо, таҳдиди манофеъи мост. Дар арсаи сиёсат, рафтори мо бояд муттакӣ бар воқеиятҳо, аснод ва далоили равшан бошад, набояд сирфан бар асоси гаройишҳо доварӣ кунем. Дар натиҷа набояд равобити Тоҷикистон ва Арабистонро лузуман муғойир бо манофеъи худ бибинем. Масалан, бояд дар назар бигирем, ки ҳар замон робитаи Эрон бо Ӯзбакистон низ хуб мешавад, ҳассосияти давлати Тоҷикистон низ барангехта мешавад. Ман фикр мекунам, он чи Арабистон дар Тоҷикистон дунбол мекунад, мавзӯе аст, ки давлати Раҳмон низ бо он мушкил дорад. Давлати Тоҷикистон бо ифротгароӣ мушкил дорад ва ҳар навъ афзоиши робита бо Арабистон, заминаро барои ифротгароӣ фароҳам мекунад.

Аммо аз сӯйи дигар, Тоҷикистон дар минтақаи Бадахшон масъалае хосс дорад, ки ба ин робита муртабит мешавад. Дар Бадахшон, шиъаёни исмоилӣ зиндагӣ мекунанд, ки раҳбарии динӣ ва иҷтимоии онҳоро Оқохон дар ихтиёр дорад. Арабистониҳо моил ҳастанд бо сармоягузорӣ дар Бадахшон, бо фаъолияти исмоилиҳо дар ин минтақа муқобила кунанд. Оқохон бо сармоягузорӣ дар ин минтақа, як фазои иҷтимоии хосс эҷод карда ва давлати Тоҷикистон бетамоюл нест, ки сандуқҳои молии Арабистон дар Бадахшон алайҳи ин вазъият сармоягузорӣ шавад. Ба иборати дигар, равобити Тоҷикистон ва Арабистон порометрҳои худро дорад ва лузуман алайҳи мо нест.

Мо нисбат ба таҳаввулоти дохилии Тоҷикистон мавзеъ надорем, балки таҳлил дорем. Мо мӯътақидем агар давлат ва Ҳизби наҳзати исломӣ дар як фазои қонунӣ кор кунанд, аввал ин ки ифротгароӣ заминаи рушд намеёбад. Дуввум он ки мардум метавонанд дар чорчӯби аҳзоби қонунӣ мушорикат кунанд. Севвум ин ки барои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони зомини сулҳ муфид аст. Аммо вақте ин ду бо ҳам даргир мешаванд, чун давлати Тоҷикистон баландгӯ дорад, замоне ки алайҳи Ҳизби наҳзати исломӣ бадгӯӣ мекунад, алайҳи Эрон низ мегӯяд. Чун Тоҷикистон медонад, ки мо нисбат ба вазъияти Ҳизби наҳзати исломӣ ҳассос ҳастем; на аз боби ҳимоят аз ин ҳизб, балки ба унвони зомини сулҳи Тоҷикистон, ки дар асноди Созмони Милал низ зикр шудааст.

Дар тарафи муқобил низ ба ҳамин тартиб, Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам аз Эрон гила дорад, аммо чун минбар надорад, камтар касе мутаваҷҷеҳи он мешавад. Ин масъалаи дохилии Тоҷикистон аст. Мо қасди мудохила дар умури дохилии ин кишварро надорем, балки ба унвони дӯст ва бародар назароти худро баён мекунем.

— Ман посухи бахше аз суоли қаблро дарёфт накардам, ин ки чаро кӯмакҳои Эрон ба давлати Тоҷикистон, на танҳо кӯмаке ба беҳбуди мавқеияти Ҳизби наҳзати исломӣ накард, балки ба афзоиши таъсиргузории Эрон бар Тоҷикистон ҳам кӯмак накард. Дар идомаи ин суол бифармоед мушаххасан Тоҷикистон чӣ интизоре аз Эрон дорад, ки то кунун бароварда нашудааст ва Тоҷикистон барои Эрон чӣ аҳаммияте дорад. Оё Эрон ба Тоҷикистон сирфан ба унвони бахше аз ҳавзаи тамаддунии худ менигарад?

— Ман қабул надорам, ки мо қудрати таъсиргузорӣ бар Тоҷикистон надорем. Мо қарордодҳои хубе бо ин кишвар дорем. Рафту омадҳои хубе дорем. Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Миёна муттаҳиди мост. Шумо дар хеле аз мавзӯъҳо нигоҳ кунед, масалан дар Афғонистон ва ҷанг бо Толибон, Эрон ва Тоҷикистон ду кишвари ҳамсӯ ҳастанд. Дар мабоҳиси мухталиф, мо равобити бисёр хубе дорем. Аммо шояд дар мавзӯи равобити давлат ва Ҳизби наҳзати исломӣ, давлати Раҳмон беш аз ҳадд интизор дошта бошад, ки мо ҳар таҳлиле, ки онҳо ироа мекунанд, бипазирем, ки ин амалӣ нест.

Хулоса, агар мавзӯи даргирии дохилии давлати Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломиро канор бигузоред, мо ҳеч ихтилофе надорем. Як силсила гилаҳо ва нақдҳо масалан дар бораи иҷрои қарордодҳо вуҷуд дорад, ки ба қусур ва кӯтоҳии ҳар ду тараф бозмегардад.

Аммо ихтилоф сирфан дар тафовути таҳлилҳост. Давлати Тоҷикистон таҳлили худро аз Ҳизби наҳзати исломӣ дорад ва давлати мо таҳлили худро. Давлати Раҳмон интизор дорад, ҳамон гуна ки худ дар як лаҳза тасмим мегирад ҳизберо, ки дар порлумон намоянда дорад терурист эълом кунад, Эрон низ ба табаъи он, чунин мавзеъе иттихоз кунад. Дар даврони ҷанги дохили низ, онҳо интизор доштанд мо аъзои Ҳизби наҳзати исломиро таҳвили онҳо диҳем. Аммо мо мегуфтем бо таҳвили ин афрод мушкили дохилии Тоҷикистон ҳал нахоҳад шуд.

Бо ин ҳол, агар шумо мизони табодули сафарҳои диплумотик дар сутуҳи барҷаста байни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор диҳед, шавоҳид нишон медиҳад мо ҳамвора робитаи хубе дорем. Ман хотирам нест Тоҷикистон дар созмоне алайҳи Эрон раъй дода бошад.

— Ҷо дорад инҷо ин суол матраҳ шавад, ки пештар тавофуқе дар бораи эҳдоси радио ва телевизиюни муштараки Эрон-Тоҷикистон-Афғонистон анҷом шуда буд, чаро хабаре аз иҷрои ин тавофуқ нест?

— Мушкилот ва ихтилофоти фарҳангӣ дар миён аст, ки аз ҷониби ҳамаи тарафҳост.

— Реферондуми қонуни асосӣ, ки дар рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон баргузор шуд, оё тағйир ва таҳаввули ҷиддӣ дар саҳнаи сиёсии ин кишвар эҷод хоҳад кард?

— Яке аз тағйирот ин аст, ки оқои Раҳмон бар асоси қонуни асосӣ раисиҷумҳури модомулумр мешавад. Ин падидае аст, ки дар тамоми кишварҳои Осиёи Миёна дида мешавад. Падидаи дуввум ин аст, ки замина барои интихоби писараш ба унвони ҷонишин фароҳам мешавад. Ман бар асоси салиқаи шахсӣ наметавонам дар ин бора назар диҳам, ки оё аз ин тағйирот хушам меояд ё на, аммо зоҳиран дар дунё аз чунин низомҳое истиқбол намешавад. Дунё мутамойил ба низоми интиқоли қудрат аст ва тағйироте, ки бар асоси мушорикати мардумӣ рух диҳад.

Аммо тағйири дигар бар асоси реферондуми ахир ин аст, ки дигар аҳзоби сиёсӣ бо гаройиши динӣ иҷозаи шаклгирӣ надоранд. Ин қонун пеш аз тавофуқи сулҳ низ буд, аммо баъд аз тавофуқ тағйир карда буд. Бинобар ин, роҳҳое, ки ба оштии миллӣ кӯмак мекард, баста мешавад. Ба назар мерасад, кишварҳое, ки мушорикати мардумиро афзоиш медиҳанд, суботи бештаре доранд ва кишварҳое, ки роҳро бар мушорикати мардумӣ мебанданд, путонсиели бештаре барои бесуботӣ доранд. Масалан, агар давлати Сурия чаҳор сол пеш медонист, чӣ вақойеъе пеши рӯ дорад, ба иқдомоти дигаре рӯй меовард, то чунин шароите эҷод нашавад. Оқилона ин аст, ки кишварҳо аз мушорикати мардумӣ ва нерӯҳои сиёсӣ истиқбол кунанд. Ҳарчи кишваре ба самти адами мушорикати нерӯҳои сиёсӣ биравад, бесуботтар мешавад. Таҷрибаи илми сиёсат инро исбот мекунад.

— Яке аз нигарониҳое, ки коршиносони эронӣ дар бораи тағйир ва таҳаввулоти ахири Тоҷикистон матраҳ мекунанд, паёмадҳои он аст, ки ба назар мерасад мӯҷиби бесуботӣ дар ин кишвар ва дар натиҷаи он, бесуботӣ дар минтақа мешавад, ки амнияти Эронро ҳам таҳти таъсир қарор медиҳад. Назари шумо дар бораи ин таҳлилҳо чист?

— Ин таҳлилҳо ҳам дуруст аст ва ҳам на. Ин раванд ба ин шиддат дар воқеият рух намедиҳад. Эрон аз замони истиқлоли кишварҳои Осиёи Миёна, ҳамкорӣ барои субот, тавсиъа ва рушди ин кишварҳоро сарлавҳаи сиёсати худ дар минтақа қарор додааст. Мусалламан давлатҳое, ки битавонанд бо мушорикати иҷтимоӣ-сиёсии бештаре дар саҳна ҳозир бошанд, равобити хориҷии беҳтаре хоҳанд дошт. Аз сӯйи дигар, ҳарчи кишварҳо ба самти адами тавсиъаи сиёсӣ бираванд, ба лиҳози таъсире, ки бар минтақа мегузоранд, ҳамсоягонро таҳти таъсир қарор медиҳанд. Қатъан мо тарҷеҳ медиҳем дар атрофи мо кишварҳои сарватманд бошанд. Торихро ҳам, ки нигоҳ кунем, ҳамеша кишвари мо аз ҳуҷуми ҷавомеъи бадавӣ ва фақир зарба хӯрдааст.

— Нуктаи дигаре, ки дар ин миён суолбарангез аст, вокуниши соири кишварҳо ба таҳаввулоти Тоҷикистон аст. Баррасии таҳлилҳо нишон медиҳад, он андоза ки Эрон нисбат ба таҳаввулоти Тоҷикистон ҳассосият дорад, Амрико ва Русия надоранд. Ҳамзамон Тоҷикистон равобити оддӣ бо Чин, Русия ва Амрико дорад ва аз кӯмакҳои онҳо низ бихӯрдор аст. Ба назари шумо, чаро назди онҳо ин нигаронӣ вуҷуд надорад?

— Табиатан ҳар касе ба хонавода ва бастагони худ алоқаи бештаре дорад. Алоқаи мо ба Тоҷикистон ва тоҷикҳо нисбат ба кишварҳои дигар бештар аст. Барои Амрико фарқе миёни Тоҷикистон, Ӯрдун ва Муритонӣ вуҷуд надорад. Русия ба минтақа сирфан нигоҳи амниятӣ дорад ва мардумро дар назар намегирад. Нигоҳи Чин ба Тоҷикистон, ба унвони як минтақа аст, ки дар он фаъолияти иқтисодӣ дорад. Чин аз тариқи эъзоми зиндониёни худ ба Тоҷикистон, барои ин кишвар ҷода месозад ва ба иборати дигар, харҷе барои зиндониён намекунад.

Аммо барои мо ва тоҷикҳо вақте номи Саъдӣ ба миён меояд, нишон аз як руҳи муштарак аст. Тоҷикҳо аз Ҳофиз бидуни унвони ҳазрат ёд намекунанд. Мусиқӣ, шеър ва ҳарфи ҳамдигарро мефаҳмем ва мусалламан бояд аз ҳар таҳаввуле дар Тоҷикистон бештар мутаассир шавем. Бинобар ин, мо дӯст надорем нигоҳи амниятӣ мӯҷиби бархӯрди давлат ва мардуми ин кишвар шавад. Шумо нигоҳ кунед, он тахриби осори бостонӣ дар Сурия агар дар майдони аслии Ӯзбакистон яъне майдони Самарқанд рух диҳад, мо ранҷ хоҳем бурд. Чун ин ҷо ҳавзаи тамаддунии Эрон аст.

— Ҳамон тавр ки ишора кардед, русҳо ба Тоҷикистон нигоҳи амниятӣ доранд, ва масалан нигарони афзоиши кӯмаки молии Омрико ба Душанбе ҳастанд, аммо дар кулл ба назари шумо вазни равобити Тоҷикистон бо қудратҳое чун Омрико, Чин ва Русия, ба нафъи кадом тараф аст?

— Феълан русҳо қудрати бартари минтақа ҳастанд ва шароити минтақаро дар ихтиёр доранд. Аммо ба лиҳози иқтисодӣ чиниҳо фаъол ҳастанд ва омрикоиҳо ҳам талош мекунанд вазъи мавҷудро тағйир диҳанд ва сохтори ҷадид дар минтақа шакл диҳанд. Дар кулл минтақа арсаи рақобат аст.

— Бархе коршиносон пешниҳод медиҳанд Эрон ва Русия метавонанд дар Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд, оё ба назари шумо мумкин аст?

— Агар мо бо русҳо ба як таърифи муштарак аз таҳдидҳо ва фурсатҳо дар Тоҷикистон бирасем, ин равиш метавонад дуруст бошад. Аммо агар натавонем ин таърифи муштаракро ба даст оварем ва сирфан аз русҳо пайравӣ кунем, ин равиш ғалат хоҳад буд. Агар Русия бигӯяд манофеъи мо ҳама дар ин аст, ки дар Тоҷикистон давлате мутаъодил бо мушорикати бештари нерӯҳои иҷтимоӣ рӯйи кор ояд, мо истиқбол мекунем. Бастагӣ ба моҳият ва заминаи ҳамкорӣ дорад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад