“The Guardian”: Амрикоиҳо як аҳмақи хатарнокро ба унвони раисҷумҳур интихоб кардаанд

Ин рӯзнома навиштааст: “Ба Доналд Трамп борҳо ҳушдор дода шуд, ки сиёсати ситезаҷӯёнаи “фишори ҳаддиаксарӣ” алайҳи Эрон ва доман задан ба танишҳои низомӣ ва иқтисодӣ хатари эҷоди ҷанг бар асари тасодуфро дар пай дорад. Ҳафтаи гузашта хатоҳои муҳосиботӣ он тавр, ки муддатҳо интизораш мерафт, билохира иттифоқ афтоданд ва зарфи чанд соат ба тарзи ҳавлнок дунё дар остонаи ҷанг қарор гирифт. Ҳар ду тараф муртакиби иштибоҳоте шуданд, агарчӣ тақсири фармондеҳони амрикоӣ зоҳиран бештар аст, аммо бузургтарин иштибоҳ дар соли 2016 иттифоқ афтод, ки амрикоиҳо як аҳмақи хатарнокро ба унвони раисҷумҳур интихоб карданд”.

“The Guardian” бо баёни ин ки танишҳо бо шиллики Эрон ба як ПАҲПОД-и амрикоӣ ба авҷ расид навиштааст, Пентагон баъд аз ин ҳодиса иддао кард, ПАҲПОД-и мавриди назар ҳини парвоз бар фарози обҳои байналмилалӣ сарнагун шудааст, дар ҳоле ки тарафи эронӣ мегӯяд, ин ҳавопаймо баъд аз вуруд ба ҳарими ҳавоии Эрон мавриди ҳадаф қарор гирифтааст.

Рӯзномаи “The Guardian” дар идома, дар хусуси муноқишаи Эрон ва Эрон дар хусуси маҳалли ҳадаф қарор гирифтани ин ПАҲПОД изҳор дошта, ки тасовире, ки Пентагон аз масири парвози ПАҲПОД-и “Глобал Ҳаук” ироа кардааст, иштибоҳ будаанд. Тасовири ироашуда тавассути Пентагон аз масири ин ПАҲПОД, тавсифи нодурусте аз масири парвози ин ҳавопаймо ироа кард”.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад