Мутаваққиф шудани бозсозии роҳи Исфара-Ворух ба далели эътирози қирқизҳо

Ба гузориши хабаргузории ТоҷикПресс ба нақл аз сомонаи Асия-Плюз, ин нуктаро мақомоти ноҳияи Исфара таъкид кардаанд, ки ба далели эътирози сокинони рустоҳои қирғизистонӣ идомаи раванди бозсозии ин масир дар наздикии рустои Хоҷа аълои Тоҷикистон мутаваққиф шудааст.

Аммо мақомоти неруи марзбонии Қирғизистон бо интишори баёнияе таъкид кардаанд тарафи Тоҷикистон бидуни тавофуқ бо онҳо ба бозсозии ин масир дар минтақаҳои мавриди ихтилофи ду кишвар иқдом карда, ки ин амр муҷиби бурузи таниш миёни сокинони рустоҳои марзӣ шудааст. Аз ин ру ба дархости Қирғизистон мақомоти ноҳияи Исфара тасмим ба мутаваққиф кардани раванди бозсозии ин роҳ гирифтаанд.

Дар паи ду даҳ сола музокирот, мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ танҳо 50 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон нишонагузорӣ шудааст.

Ихтилофи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз минтақаҳои марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд аз ҷумла мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина аст.

Бар асоси марзбандиҳои даврони Шуравӣ бархе аз минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври мушаххас нишонагузорӣ нашуда ва теъдоде рустоҳои ин ду кишвар дар дохили ҷумҳурии дигар воқеъ шудаанд, ки акнун ин масъала ба маншаи ихтилофи мақомоти тоҷик ва қирғиз табдил шудааст.

Имрӯз Тоҷикистон бахши умдаи сузишворӣ, гандум ва орди мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ва аз роҳи заминии Қирғизистон ворид мекунад ва ҳалли ихтилофоти марзӣ бо ин кишвари ҳамсоя барои Душанбе аҳамияти ҳаётӣ дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад