Ройзаниҳои амниятии Эрон ва Тоҷикистон дар Русия

Дар дидори Алии Шамхонӣ бо Муҳаммадалӣ Ватанзода, ки имрӯз – чаҳоршанбе дар ҳошияи дувумин рӯз аз даҳумин иҷлоси байналмилалии мақомоти олии амниятии ҷаҳон дар Уфаи Русия баргузор шуд, раванди равобити дуҷонибаи Теҳрон ва Душанбе ва мавзӯоти минтақаӣ дар ҳавзаҳои сиёсӣ ва амниятӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дарёбони Алии Шамхонӣ пеш аз ин дидор, зимни ширкат дар нишасти шашҷониба бо ҳузури мақомоти амниятии Русия, Чин, Ҳинд, Покистон ва Афғонистон то кунун бо мақомоти амнияти кишварҳои Афғонистон, Русия, Узбакистон ва Арманистон низ дидорҳои дуҷониба доштааст.

Дар ин дидор Маҳдии Саноӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ва чанд мақоми аршади амниятии дигар низ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эронро ҳамроҳӣ мекарданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад