Оғози панҷумин нишасти СИКО дар душанбе

Панҷумин иҷлоси таомул ва эътимодсозии Осиё дар шаҳри душанбе пойтахти Тоҷикистон оғоз шуд.

Ин нишаст ибтидо бо гирифтани акси ёдгорӣ тавассути мақомоти аршади кишварҳои узв ва пас аз он бо суханронии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон оғоз шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ибтидои ин конфронс аз ҳузури сарон ва мақомоти олии кишварҳои ширкат кунанда ташаккур ва қадрдонӣ кард.

Панҷумин иҷлоси таомул ва эътимодсозии Осиё бо мавзӯи “дидгоҳи муштарак ба минтақаи амн ва мураффаҳи СИКО” имрӯз дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон бо ҳузури 12 раисҷумҳур, 3 нахуствазир ва теъдоди аз вузарои умури хориҷаи кишварҳои узви нозир баргузор мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад