Эътимоди мутақобил; Ниёзи имрӯзи Тоҷикистон, Эрон ва минтақа

Коршиносон ва таҳлилгарони сиёсии тоҷик бо таваҷҷуҳ ба ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ раисҷумҳури Эрон дар панҷумин иҷлоси таомул ва эътимодсозии Осиё дар “Душанбе” ва дидори вай бо “Эмомалӣ Раҳмон” раисҷумҳури Тоҷикистон, бар зарурати барқарории сатҳи матлуб эътимод ва равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишвар таъкид карданд.
“Ҳакимов Шокирҷон” коршиноси сиёсӣ ва муовини раиси ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон дар ин робита изҳор дошт: Тайи чанд соли ахир таҳти таъсири бархе аз авомил, равобити сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон ба таври қобили таваҷҷуҳе тира гашта буд.
Вай афзуд: Таъсири манфӣ ин вазъиятро қабл аз ҳама шаҳрвандон, тоҷирон ва бозаргонон ва ниҳодҳои мадании ду кишвар эҳсос карданд зеро имкони вуруди манобеи ҷойгузин ба бозорҳои дохилии Тоҷикистон маҳдуд шуд ва рӯйи қиматҳо низ асар гузошт.
Ҳакимов ёдовар шуд: Дар ҳоли ҳозир намояндагони бахши хусусии ду кишвар нисбат ба барқарории сатҳи таомулоти қаблие, ки сабаб ба эҷоди иштиғол ва арзаи коло ва маҳсулоти мунтабиқ бо қобилиятҳои харидори мардуми маҳаллӣ шуда буд, алоқа нишон медиҳанд.
Ба гуфта вай, тайи ин солҳо равшанфикрон ва фарҳангиён ҳамеша ба он умед баста буданд, ки “Душанбе” ва “Теҳрон” билохира иқдом ба рафъи мушкилот ва мавонеи мавҷуд бар сари роҳи равобит хоҳанд кард.
Ин коршиноси тоҷик дар идома тасреҳ кард: Аз сӯи бархе аз бозигарони таъсиргузор дар минтақа эҳсос мекарданд идомаи сардӣ дар равобит миёни Тоҷикистон ва Эрон ба фоидаи геополотикаи онҳо низ нахоҳад буд. Идомаи ин вазъият то ҳудуди зиёде ба зарари созмонҳои минтақаӣ ва байналмилаллӣ аз ҷумла Шангхай (, ки Тоҷикистон узви ҳақиқӣ ва Эрон узви нозир буда ва қасди вуруди комил ба онро дорад) хоҳад буд.
Ба гуфтаи вай, дар мавриди бозгардондани ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон ба сатҳи матлуби пешин нақш ва иродаи мақомоти ду кишвар муҳим хоҳад буд. Намунаи боризи ин мавзӯъро метавон дар мавриди Узбакистон мушоҳида кард, ки бо ба қудрат расидани “Шавкат Мирзиёев” мушкилоти байни “Душанбе” ва “Тошканд” вуҷуд дошт, ки дар асръи замон бартараф шуд ва ду кишвар тайи муддати замон кӯтоҳ ба сатҳи мушорикати стратегӣ даст ёфтанд. Ин мавзӯъ барои бозгардондани эътимод миёни мақомоти олии Тоҷикистон ва Эрон ҳам муҳим хоҳад буд.
Ба гуфтаи вай, бо вуҷуди бархе мушкилот миёни Эрон ва бархе кишварҳо, Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба сиёсати хориҷае чандсуияи худ ва ҳифзи манофеи миллӣ метавонад дар арсаҳои мухталиф ва ба вежа тиҷорӣ ва иқтисодӣ ҳамкориҳои судманде бо Эрон дошта бошад.
Вай афзуд: Бинобар ин интизор меравад дар ҳошияи иҷлоси таомул ва эътимодсозии Осиё дар Душанбе, руасои ҷумҳури Эрон ва Тоҷикистон бо ҳам дидор карда ва ба ҳусни тафоҳум даст хоҳанд ёфт ва замина барои тавофуқоти ҷадид барои тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои мухталифро фароҳам хоҳанд кард.
“Иршод Сулаймонӣ” таҳлилгари масоили сиёсӣ ва фарҳангӣ низ дар ҳамин робита гуфт: Аз ибтидо мушаххас буд, ки сардии равобит байни Тоҷикистон ва Эрон наметавонад идома дор бошад. Ҳоло, ки Ҳасани Рӯҳонӣ пас аз як марҳала ба истилоҳ тирагии муносибот ва раду бадал шудани иттиҳомот тасмим ба сафар ба Тоҷикистон гирифта ҳокӣ аз фароҳам шудани замина барои баҳсу баррасиҳои воқеӣ бар сари ислоҳи вазъият мебошад.
Ба гуфта вай, муҳимтарин мавзӯъ барқарории эътимод миёни мақомоти олии ду кишвар мебошад. Агар ин масъалаи муҳим ҳосил шавад дар ояндаи на чандон дӯр ҳатман таҳаввулоти хуберо дар ҳамкориҳо шоҳид хоҳем буд.
Сулаймонӣ афзуд: Аз сӯи дигар чунончи Тоҷикистон дар нишасти имрӯзи Созмони Ҳамкориҳои Шангхай дар “Бишкек” нисбат ба узвияти Эрон дар ин созмон ҳусни ният нишон диҳад, пас метавон мутмаин шуд, ки иқдом ба беҳбуди равобит миёни “Душанбе” ва “Теҳрон” ҷиддӣ хоҳад буд.
Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон ва Эрон бинобар далоили бисёр зиёдӣ ва аз ҷумла муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ, динӣ ва таърихӣ ва ҳамчунин манофеи имрӯзи минтақаӣ ва байналмилаллӣ ниёзманди равобити дӯстона ва танготанг мебошанд. Манофеи кӯтоҳмуддати бархе аз гурӯҳҳои қудрат набояд бар манофеи дарозмуддати ду кишвар соя андозад. Ин масалаи муҳим ниёзманди бардоштани гомҳои ҷиддӣ дар ҷиҳати эътимодсозӣ байни мақомоти олии Тоҷикистон ва Эрон мебошад.
Ин коршинос ёдовар шуд: Равобит миёни Тоҷикистон ва Эрон дорои зарфиятҳои қобили таваҷҷуҳе аст, ки ба сабабҳои мухталиф маврид баҳрабардорӣ қарор нагирифта ва ниёз аст, ки дар марҳалаи ҷадид мавриди таваҷҷӯҳи вежа қарор дода шаванд.
Ба гуфтаи Сулаймонӣ, рақобати қудратҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақаӣ ва вазъияти геополотикаи минтақа нишон медиҳад Эрон ба сурати баландмуддат яке аз муҳраҳои аслии таҳаввулот хоҳад буд. Бинобар ин маҷмӯае аз далоил ин ниёзро барҷаста мекунад, ки Тоҷикистон бояд дар канори Эрон ва Эрон дар канори Тоҷикистон боқи бимонад.
“Нурали Давлат” коршиноси сиёсӣ низ изҳор дошт: Ба назари ман фишорҳои ахири Амрико алайҳи Русия, Чин ва Эрон то ҳудуди зиёде заминаи ҳамгароӣ ва ҳамоҳангии ин “сегона” алайҳи иқдомоти “Кохи Сафед”-ро фароҳам кард.
Дастовардҳои давлати Рӯҳони дар робита ба таомул ва ҳамкори бо ғарб, ки дар инъиқоди БАРҶОМ хулоса мешуд, бо ба қудрат расиданм Доналд Трамп зери савол рафт. Ин вазъият сабаб шуда то Эрон таваҷҷуҳи худ ба Русия ва Чинро афзоиш диҳад.
Ба гуфтаи вай, бинобар ин бо беҳбуди равобит миёни Тоҷикистон ва Эрон эҳтимолан мувофиқати “Душанбе” бо узвияти Эрон дар Созмон Ҳамкориҳои Шангхай эълом хоҳад шуд, ки бо таваҷҷуҳ ба шароити мавҷуди минтақаӣ ва байналмилаллӣ мавриди ҳимояти “Маскав” ва “Пекин” қарор хоҳад гирифт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад