Оғози нишасти сарони “Шанхай” бо ҳузури мақомоти кишварҳои нозир

Руасои ҷумҳури Беларус, Муғулистон, Эрон ва Афғонистон ба маҳалли баргузории нишаст ворид шуда ва раисҷумҳури Қирғизистон аз ин меҳмонони оли рутба истиқбол кард.
Руасои ҷумҳури Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Тоҷикистон ва нахуствазирони Ҳиндустон ва Покистон дар ин нишаст ба унвони аъзои ин созмон ҳузур доранд.
Дар поёни ҷаласа қарор аст ҳудуди 20 санади ҳамкорӣ ба имзо расад.
Созмони ҳамкории Шанхай як созмони байналмилаллии байнидавлатӣ аст, ки дар таърихи 15 июни соли 2001 мелодӣ дар Шангхайи Чин аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шудааст.
Дар нишасти ин созмон, ки таърих 8 ва 9 июн соли 2017 мелодӣ дар шаҳри “Астоана” пойтахти Қазоқистон баргузор шуд, Ҳиндустон ва Покистон узви доими Созмони Ҳамкории Шанхай шуданд.
Акнун Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозири ин созмон ҳастанд.
Туркия, Сирилонко, Арманистон, Озарбойҷон, Непал ва Камбоҷа шарики гуфтугӯ бо ин созмон ҳастанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад